Бо роҳи фиреб гирифтани автомашинаи тамғаи “Лексус”

Номбурда моҳи феврали соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Лексус-600”, ки арзишаш 15 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта ваъда додааст, ки ба ивазаш аз шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Зафаршон манзили истиқоматии 2-ҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.