расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ТАФСИЛОТИ БОЗДОШТИ ГУРУҲИ ҲАКЕРҲО ДАР ДУШАНБЕ (ВИДЕО +7 АКС)

. / Ҳаводис

ТАФСИЛОТИ БОЗДОШТИ ГУРУҲИ ҲАКЕРҲО ДАР ДУШАНБЕ (ВИДЕО +7 АКС)

РВКД Душанбе хабар дод, ки кормандони милисаи пойтахти Тоҷикистон ду корманди Хадамоти алоқа ва беш аз 20 нозири барқро бо иттиҳоми дуздии пули нирӯи барқ тавассути барномаҳои компютерии ҳакерӣ дастгир кардаанд. Дар гузориши вижаи видеоии 15-дақиқагӣ, ки маркази матбуоти РВКД Душанбе шоми 12 сентябр нашр кард, гуфта мешавад, ки кафшергари барқии Хадамоти алоқа Маҳмадӣ Азизов, с.т. 1964, моҳи декабри соли 2017 дар хонааш дар компютер барномаи махсуси ҳакерӣ насб карда, тавассути он нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳои нирӯи барқи сокинонро кам мекард.
Кафшергари дигари барқ Собиров Тоҷиддин, с.т. 1978, низ аз ҷониби Азизов ба ин нақшаи қаллобӣ ҳамчун миёнарав ҷалб шуда, нозирони барқро ба ҳамроҳ шудан ба ин кор ташвиқ мекард. Нозирон муштариёнро бо ваъдаи кам кардани пули нирӯи барқашон ба ин нақша ҳамроҳ мекарданд. Дар натиҷа, ҳакерҳо нишондоди ҳисобкунакҳои барқии сокинонро тавассути барномаи ҳакерӣ дар компютер кам карда, пулашро байни худ тақсим мекардаанд. РВКД Душанбе гуфт, дар чорчӯби ин парванда беш аз 20 нозири шабакаҳои барқ дар пойтахт дастгир шудаанд.
Бо назардошти вазъи ҷуғрофӣ ва мавқеи ҷойгиршавӣ Ҷумҳурии Тоҷистон дар минтақа яке аз кишварҳои калидии дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ба ҳисоб меравад. Дар сурати пурра мавриди истифода қарор гирифтани он ҳама имкониятҳои энергетикии кишвар, Тоҷикистон метавонад ба яке аз кишварҳои тавлидкунандаи асосии «Неруи сабз» дар миқёси кишварҳои минтақа ва ҷаҳон табдил ёфта, дар баробари таъмини аҳолии кишвар бо қувваи барқи аз лиҳози экологӣ тоза, ҳамчунин содироти онро дар ҳамаи фаслҳои сол ба давлатҳои хориҷа ба роҳ монад. Бо ин мақсад аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафхои стратегии сиёсати дохиливу хориҷии Ҳукумати кишвар эътироф гардида, ҷиҳати расидан ба он пайваста талошу заҳматҳои зиёде равона карда шудаанд.
Сол то сол бо заҳматҳои шабонарӯзии рохбарияти Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳадафи стратегии мамлакат амалӣ гардида истода, ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқи босифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза як қатор нерӯгоҳҳои хурду бузург, аз ҷумла 2-агрегати НБО «Роғун» сохта ба истифода дода шудаанд. Имрӯз бо зиёд гаштани тавлиди нерӯи барқ маҳдудиятҳо, яъне лимити истифодаи қувваи барқ аз байн бардошта шуда, ахолии мамлакат дар тамоми фаслҳои сол бо қувваи барқ таъмин мебошанд.
Масъалаи басо муҳиме, ки мавриди таваҷҷӯҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дорад, ин истифодаи самаранок ва мақсадноку сарфакоронаи нерӯи барқ ва саривақт пардохт намудани ҳаққи истифодаи он аз ҷониби ахоли мебошад. Бояд гуфт, ки истифодаи мақсаднок ва оқилонаи неруи барқ аз сокинони кишвар масъулияти ҷиддиро талаб намуда, бо ин роҳ афзун намудани иқтидори энеретикии кишвар аз масъулияти шаҳрвандии ҳар яки мо вобастагии калон дорад.
Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷусуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шахри Душанбе як гурух чинояткорони киберии махсусан вазнин, ки рахна намудани истиклолияти энегетикиро дар худуди пойтахт мавриди хадафи нопоку чиноии худ карор додаанд, муайяну ошкор карда шуд.
Нахуст як нафар мутахасиси технологияи иттилооти, ба истилоҳ «ХАКЕР» дастгир карда шуд, ки номбурда бо кирдорхои ҷинояткоронаи худ бо истифода аз таҷҳизотҳои махсуси компютерӣ нишондодҳои ҳисобкунакҳои барқии шаҳрвандонро кам намуда, бо ин роҳ ба талафоти нерӯи барқ нигоҳ накарда, ба буҷаи давлат зарари калони молӣ расонидааст.
Ин нафар шаҳрванд, Азизов Маҳмадӣ Болтаевич, санаи таваллудаш 12 сентябри 1964, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Испечак-1, оиладор соҳиби 4 фарзанд, ҷойи кор – кафшергари силкии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда дар давоми соли 2017 бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, бо истифода аз таҷҳизот ва барномаҳои махсуси компютерӣ роҳи кам кардани нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳои электронии барқиро пайдо намуда, бо ин мақсад барои худ дар манзили истиқоматиаш компютер ва дигар таҷҳизотҳои лозимаро ҷойгир ва барои ба хотираи маҳзанҳои ҳисобкунакҳои электронии барқӣ ворид намудани тағирот, шароити мусоид фароҳам овардааст.

Дар давоми моҳи декабри соли 2017 барои амалӣ намудани ин нақшаи ҷинояткоронаи тарҳрезинамудааш ҳамкори худ шаҳрванд Собиров Тоҷиддин Достиевич соли таваллудаш 20. 02.1978. истиқоматкунандаи ш. Ҳисор ҷамоати Деҳоти Алмосӣ деҳаи Ободдара, оиладор соҳиби 2 фарзанд, ҷойи кор – кафшергари Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро ҷалб намуда, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт байни худ амалҳоро тақсим намудаанд.
Собиров Тоҷиддин аз рӯи нақшаи тарҳрезӣ кардаашон амал намуда, ҳамчун вазифаи миёнарав барои ҷалб намудани нозирони Шабакаҳои барқии ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо нозирони шабакаҳои барқ шиносоӣ пайдо намуда, ба онҳо иҷрои чунин амали ғайриқонуниро пешниҳод кардааст.

Минбаъд бо миёнаравии ӯ нозирони барқ аз манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ҳисобкунакҳои барқиро худсарона бе тартиб додани санадҳои лозима кушода гирифта, пас аз бо маслиҳати пешакӣ бо муштариён бо пешниҳоди маблағи муайяни пулӣ ҳисоби онро кам мекардаанд.
Дар идомаи чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ зиёда аз 20-нафар нозирони Шабакаҳои барқии ноҳияҳои ш. Душанбе (шаҳрвандон; Раҷабалиев Беҳрӯз Раҷабалиевич, Ҳомидов Суҳроб Хайриддинович, Холов Шафеъ Сафарович, Собитов Зоҳирхон Зуҳурович, Халифаев Нусратулло Зокирович, Фазлиддини Аскаршо, Эмомов Нозим Ҳасанович, Зокиров Замир Исматуллоевич, Маҳмадалии Абдували, Мирзоев Давлатали Баёнович, Бердиев Хуршед Салимҷонович, Хочаев Анвар Бегичонович, Исматов Саидшоҳ Сайнуридинович, Рузиев Амиршо Ҷангиевич, Ҳаитов Мирзали Раҳмонович, Хайруллоев Акмал Сайдуллоевич, Рузиев Зафар Умарҷонович, Ғаниев Бобокалон Бобосаидович ва дигарон) муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шудаанд, ки бо маслиҳати пешакӣ бо соҳибмулкони дӯкону мағоза ва манзилҳои истиқоматӣ ҳисобкунакҳои барқии онҳоро кушода гирифта, бо миёнаравии шаҳрванд Тоҷиддин Собиров, мутахассиси ин соҳа Азизов Маҳмадӣ барои кам пардохт намудани ҳаққи истифодаи қувваи барқ нишондодҳо, яъне киловати ҳисобкунакҳои барқиро кам мекардааст.

Нозирони барқ бо муштариён, яъне истифодабарандагони нерӯи барқ маслиҳати пешакӣ намуда, баъд аз кам намудани нишондоди нерӯи барқи истифодашуда, ҳисобкунакҳои барқиро дубора дар ҷойи худ насб намуда, ки бо ин кирдори ғайриқонуниашон ба буҷаи давлат хисороти калон пулӣ расонидаанд.
Чунончи: зимни пешбурди корҳои оперативӣ санҷишӣ муайян карда шуд, нозири барқи зеристгоҳи "Шаҳри”-и Шабакаҳои барқии-2 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, шаҳрванд Муҳаммадалии Абдувалӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиаш бо миёнаравии Собиров Тоҷиддин як қатор ҳисобкунакҳои барқии шаҳрвандонро худсарона гирифта, нишондиҳандаҳояшонро кам намудаанд.

Аз ҷумла номбурда дар давоми моҳи июни соли 2020 ҳисобкунаки барқии маркази савдои "Абдулло” воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе ноҳияи Сино кӯчаи Зарафшонро аз назар гузаронида, муайян намудааст, ки маркази савдои мазкур қувваи барқро тахминан ба маблағи 4500 сомонӣ истифода бурдааст. Пас аз он ӯ бо намояндаи маркази савдои мазкур шаҳрванд Саидов Парвиз Аъзамхонович оид ба маблағи пулии нисбатан камтар баробар намудани ҳаққи истифодаи нерӯи барқ маслиҳат ва ваъда додааст, ки бар ивази 3500-сомонӣ ҳисобкунаки барқиро баробар мекунад.
Пас аз маслиҳат нозири барқ Муҳаммадалии Абдувалӣ аз Саидов Парвиз намояндаи маркази савдои мазкур маблағи 3500 сомонӣ гирифта, аз он 300 сомониашро ба миёнарав Собиров Тоҷиддин додааст. Собиров Тоҷиддин бошад аз рӯи маслиҳати пешакӣ ҳисобкунаки барқии ин маркази савдоро кушода гирифта, ба Азизов Маҳмади Болтаевич додааст, ки ӯ дар навбати худ бо истифода аз технологияи компютерӣ ҳисоби онро кам кардааст. Номбурдагон маблағи 300 сомониро байни худ тақсим кардаанд.

Пас аз кам намудани нишондодҳои истифодаи нерӯи барқ ҳисобкунакро нозири барқ шаҳрванд Муҳаммадалии Абдувалӣ барои руйпуш намудани амали ҷиноятии содир намудааш дубора дар ҷойи худ, яъне маркази савдои "Абдулло” бурда васл кардааст. Ҳамин тариқ номбурдагон моҳи июли соли ҷорӣ низ айнан ба мисли ҳолати зикргардида амал карда, маблағи қувваи барқи истифодашударо ба манфиати худ истифода бурда, ба Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе тахминан ба маблағи 9000 (нуҳ ҳазор) сомонӣ зарар расонидаанд.
Чуноне маълум гардид, ҳамаи онҳо аз соҳибмулки мағоза то нозири барқу миёнарав ва мутахассис ба истилоҳ "Хакер” аз иҷрои ин амал манфиатдор буда, чун занҷира бо ҳам алоқаманд ба хотири ба даст овардани маблағи пулӣ ба манфиати худ, манфиатҳои Давлату миллатро поймол карда, ба як шакли моҳиронаву мукаммал ба истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ даст задаанд.
Инчунин дар ҳолати дигар нозири барқи Шабакаҳои барқии ноҳияи мазкур шаҳрванд Мирзоев Давлаталӣ Баёнович низ ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба душаш гузошташуда ба як қатор қонуншиканиҳо роҳ додааст.
Чунончи: номбурда тахминан дар давоми моҳи майи соли ҷорӣ бо шаҳрванд Исломов Хуршед Пулодович, соҳибмулки нонвойхона воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Шараф, хонаи 203 оид ба кам пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ маслиҳати пешакӣ намудаанд. Бо ин мақсад номбурда як ноқили барқи нонвойхонаро беран аз ҳисобкунаки барқӣ пайванд кардааст, ки дар натиҷа нишондиҳандаҳои ҳисобкунаки барқ тағйир наёфта, истифодаи пурраи нерӯи барқро аз ҳисоб пинҳон кардаанд.

Ҳамин тавр ин нонвойхона бе ҳисобгирии расмӣ аз қувваи барқ истифода карда, соҳибмулки он Исломов Хуршед ба нозири барқ-Мирзоев Давлаталӣ дар моҳҳои май ва июн, ҳар моҳ маблағи 500 (панҷсад) сомонӣ ва дар моҳҳои июл ва август бошад ҳар моҳ маблағи 600 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 2200 сомонӣ пардохт намудааст, ки бар ивазаш нозири барқ ба ӯ расид (квитансия) надода, маблағҳоро ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дар асл дар нонвойхонаи мазкур барои пухтани нон аз спиралҳои таспони ғайристандартӣ истифода мебурдаанд, ки истифодаи он талафоти барзиёди нерӯи барқро ба миён меорад. Аз ин рӯ тибқи ҳисобҳои мутахассисон ба ҳисоби миёна маблағи ҳар моҳаи истифодаи нерӯи барқ дар нонвойхонаи мазкур зиёда аз 2-ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки бо содир намудани ин амали ғайриқонунӣ соҳибмулк ва нозири барқ дар якҷоягӣ ба Шабакаҳои барқии шаҳри душанбе, ба ҳисоби миёна зиёда аз 8-ҳазор сомонӣ зарар расонидаанд.

Тибқи иттилои тафтишоти пешакӣ ин гурӯҳи нозирони шабакаҳои барқӣ дар давоми чанд соли охир (аз моҳи декабри соли 2017 то моҳи августи соли 2020) зиёда аз 130 ҳисобкунакҳои гуногуни барқиро аз дукону мағоза ва биноҳои истиқоматии шаҳрвандон бар ивази маблағи муайяни пулӣ гирифта, ба воситаи миёнаравии Собиров Тоҷиддин ҳамаи он ҳисобкунакҳоро ба Азизов Маҳмадӣ додаанд, ки охирин бо истифода аз барномаҳои компютерӣ, нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳои барқиро кам кардааст.
Дар ҷараёни амалиёти махсуси оперативӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт аз нозирони барқ 8 адад ҳисобкунакҳои барқи (счётчик) тамғаҳои гуногун ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудаанд, ки мувофиқи хулосаи ташхиси техникаи компютерӣ ҳамаи он ҳисобкунакҳо дар ҳолати коршоямӣ қарор дошта, ҳамчун маҳзани система ва шабакаи компютерӣ, барои нигоҳ доштани маълумотҳо оиди истифодаи қувваи барқ ҳисобида мешаванд.
Айни замон 2-нафар шаҳрвандон Азизов Маҳмади Болтаевич ва ҳаммаслаки ӯ Собиров Тоҷиддин Достиевич дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, ҷиҳати муайян намудани зарари ба буҷаи давлат расонидашуда ва нафарони дигари дар содир намудани ин ҷиноят дастдошта, чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-тафтишотӣ ҷараён дорад.

Маркази матбуоти Раёсат ВКД дар ш. Душанбе


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.