расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҷасади сарбозони ғарқшуда дар Рӯшонро наёфтаанд. КҲФ: “мавзеъ бисёр душвор аст”

. / Ҳаводис

Ҷасади сарбозони ғарқшуда дар Рӯшонро наёфтаанд. КҲФ: “мавзеъ бисёр душвор аст”

Яке аз ин сарбозон сокини Душанбе ва дигаре сокини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон будаанд

Сироҷиддин Ятимов, яке аз сарбозони ғарқшудаи ҳодисаи 1-уми октябр
Сурат: аз Фейсбук
Кофтукоби ҷасади Сироҷиддин Ятимов ва Қандилҷон Воҳидов, сарбозони қисми нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯшон, ки рӯзи 30-юми сентябри соли равон бо ҳадафи наҷоти як хонандаи мактаб худро ба дарёи Бартанг партофта ғарқ шуда буданд, то ҳол идома дорад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори маркази матубуоти КҲф Умеда Юсуфӣ иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, ҷасади наврас баъди як рӯзи кофтукоби наҷотдиҳандагон пайдо ва дафн карда шуд. Ҷасади ду сарбоз бошад  то ҳол пайдо нагардидааст ва аз ҷониби мақомти ҳокимияти маҳаллӣ, худи аҳолӣ ва наҷотбахшони КҲФ дар ноҳияи Рӯшон корҳои ҷустуҷӯи наҷотдиҳӣ идома доранд. 
Умеда Юсуфӣ илова кард, ки мавзее, ки сарбозон худро барои наҷоти наврас ба дарё андохтан хеле васеъ буда, ду дарё: Бартанг ва Панҷро бо ҳам пайваст мекунад. Инчунин маҷрои дарё тез ва оби он хелел зиёд аст.
Яке аз наздикони Сироҷиддин Ятимов дар суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” низ гуфт, ки то ҳол ба онҳо дар мавриди пайдо шудани ҷасади сарбзон хабар надодаанд ва кофтукоб идома дорад. Ба гуфтаи хешовандон сарбоз Ятимов сокини Душанбе ва сарбози дигар Қандилҷон Воҳидов бошандаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон буданд, ки дар ноҳияи Рӯшон хидмати сарбозӣ мекарданд.
“Мо дар Душанбе интизори хабари пайдо шудуни онҳо ҳастем ва падари Воҳидов бошад баъди шунидани ин хабар ба Рӯшон сафар карда ва ҳамунҷо қарор доранд”, - илова кард ҳамсуҳбати мо.   
Замони рух додани ҳодиса як манбаи маҳалии “Азия-плюс” хонандаи мактаб баъди як ҷанҷоли хонаводагӣ худро ба дарё мепартояд. “Вақте сарбозон ин ҳодисаро мебинанд, як сарбоз барои наҷоти кӯдак худро ба дарё меандозад, ки ғарқ мешавад. Сарбози дигар барои наҷоти ҳамхидмати худ мешитобад, вале мутаассифона ӯ ҳам ғарқ мешавад”,- гуфта буд манбаи мо.

Ёдрас мешавем, ки ҳодисаи мазкур рӯзи 1-уми октябр дар ноҳияи Рӯшон рух дода буд, ки як хонандаи синфи 9 худро ба дарё партофта буд. Баъди дидани ин ҳодиса ду сарбозони постгоҳи наздик ба ҳодиса низ барои наҷоти ин кӯдак худро ба дарё андохтанд, ки ҳар се ғарқ шуда буданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.