расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҳалокати 5 тан дар садамаҳои нақлиёти рӯзҳои истироҳат

. / Ҳаводис

Ҳалокати 5 тан дар садамаҳои нақлиёти рӯзҳои истироҳат

Дар яке аз ин ҳодисаҳо кӯдаки яксола низ ҷон бохт.

Сурат: акси марбута
Рӯзҳои истироҳати гузашта дар роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон якчанд ҳодисаҳои садамаи нақлиёт рух доданд, ки бар асари онҳо 5 тан, аз ҷумла 1 кӯдаки 1-сола ба ҳалокат расиданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ,  рӯзи 23 август дар роҳи мошингарди Деваштич - Истаравшан, дар қаламрави ҷамоати деҳоти Яхтан ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Азизбек Тоҷиеви 26-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба автомашинаи “Опел-Астра” зери идораи Ҷаҳонбег Ботурови 37-сола бармехӯрад.
Дар натиҷа мусофирони “Опел” Шоира Мирғиёсоваи 45-сола, Тӯтинисо Абдуллоеваи 79-сола ва Мавлуда Холиқбердиеваи 33-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат мерасанд. Ронандагони автомашинаҳо низ дар бемористон бистарианд.
Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи «Газел», сокини шаҳри Душанбе Мирзомуддин Мудинови 17-сола ҳангоми идораи мошин дар кӯчаи Неъмат Қаробоеви пойтахт бе ҳуҷҷати ронандагӣ назоратро аз даст дода, пиёдагарди ноболиғ, сокини ноҳияи Муъминобод Гулноза Хоҷаеваи 16-соларо, ки дар дасташ кӯдаки 1-сола дошт, зер кардааст.
Мутаассифона, кӯдаки хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва духтари ноболиғ дар беморхона бистарӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Шакман” Қосимҷон Ниёзов, сокини 38-солаи ноҳияи Рӯдакӣ дар роҳи мошингарди Ховалинг - Балҷувон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа автомашина ба ҷарӣ чаппа мешавад.
“Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур Алишер Мақсудови 28-сола, сокини ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад ва ронанда Қ.Ниёзов бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - қайд мешавад дар маълумоти ВКД.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳамаи ҳолату сабабҳои рух додани ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқу тафтишот қарор гирифтаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.