расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Кордкашии наврасони 16 ва 17-сола дар Душанбе ва Ҳисор

. / Ҳаводис

Кордкашии наврасони 16 ва 17-сола дар Душанбе ва Ҳисор

Ҳар ду ҷабрдида бо ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шуданд.

Сурат: акси марбута
Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор кормандони мақомоти милитсия ҳодисаҳои муноқишаи наврасон бо истифода аз кордро ба қайд гирифтанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар дохили дӯкони “Тез-Тайёр”, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон сокини ноболиғи 16-сола бо корд ба сокини 17-солаи Душанбе ҳамла кардааст.

“Ӯ 3-маротиба ба аъзои бадани ҷабрдида бо корд зарба зада, дар натиҷа ӯ бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” бистарӣ гардидааст”, - омадааст дар маълумоти ВКД.
Гуфта мешавад, дар шаҳри Ҳисор ҷавони 17-сола ҳангоми муноқишаа сокини 21-солаи маҳаллиро бо корд захмӣ кардааст, ки дар натиҷа ҷабрида дар бемористон бистарӣ шудааст.
Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ қайд мекунад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.