Дастгир гардидани ноболиғи 15-сола бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия духтарбачаи ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 237 қисими 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.Номбурда, рӯзи 3-юми апрели соли 2021, тахминан соати 04:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ, дар бозорчаи маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд бо роҳи ошкоро бо истифодаи зӯроварӣ аз кисаи болопӯши (курткаи) марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров, ки ӯ низ дар ҳолати мастӣ қарор дошт, 960-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.