расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Писари муовини раиси Оҷонси зиддифасод баъди парванда ба ҷойи кораш ҳозир нашудааст

. / Ҳаводис

Писари муовини раиси Оҷонси зиддифасод баъди парванда ба ҷойи кораш ҳозир нашудааст

Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи ӯ бо гумони қаллобӣ парванда боз кардааст

Сурат: Asia-Plus
Баъди боз шудани парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Манучеҳр Аҳмадзода, як корманди масъули Додситонии вилояти Суғд, ӯ дигар ба ҷойи кораш ҳозир нашудааст,-гуфт як манбаъ аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс”.  Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Аҳмадзода бо ҷурми қаллобӣ парванда боз кардааст, аммо манбаъи “Азия-Плюс” мегӯяд ин парванда ба замони кори ӯ дар додситонии Суғд рабт надорад.
Манчуҳер Аҳмадзода бино ба иттилои Радиои “Озодӣ” писари муовини аввали раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон, генерал Музаффар Аҳмадзода аст, ки акнун ба қаллобӣ дар замони кораш дар додситонии ноҳияи Рӯдакӣ муттаҳам мешавад.
Бино ба иттилои манбаъи мо Манучеҳр Аҳмадзода ҳамагӣ се чаҳор рӯз дар Додситонии вилояти Суғд фаъолият карда, “ҳанӯз ба корҳои санҷишӣ вобаста ба кораш оғоз накарда буд".
Манбаъ илова кард, ки “фурсати комилан ошноӣ бо Аҳмадзода пайдо нашуд, чун баъди айб эълон шудан дигар ба кор наомадааст ва муддате аз кор дар додситонӣ дур шудааст”.
Ин манбаъ гуфт, ки ӯ аз кор дар мақомоти додситонӣ барканор нашудааст ва аз Манучеҳр Аҳмадзода ба унвони як ҷавони серғайрат тавсиф карданд.
Ин манбаъ гуфт дар мавриди қазияи Аҳмадзода иттилооти дигаре надорад, зеро парвандаро Додситони кулл боз кардааст ва ба таҳқиқи он машғул аст. 
Бино ба иттилое, ки чанде пештар Радиои “Озодӣ” бо такя ба манобеи худ нашр кард, Додситони кулли Тоҷикистон Манучеҳр Аҳмадзодаро “ба тақсими нодурусти замин” дар замони кораш дар ноҳияи Рӯдакӣ муттаҳам медонад.
Як масъули ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ба “Озодӣ” гуфтааст: "То аввали ҳамин сол ёвари прокурори ноҳияи Рӯдакӣ буд ва зиёда аз панҷ сол кор кард. Намояндаҳои Прокуратураи генералӣ омада, бо мо суҳбат карданд ва гуфтанд, нисбат ба ӯ барои даст доштан дар тақсими нодурусти замин тафтиш идома дорад", - гуфтааст ин масъули ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ.
То кунун назари Манчеҳр Аҳмадзода ва падараш барои расонаҳо дастрас нест, ки дар мавриди ин қазия ва парванда чӣ назар доранд.
Дар як моҳи ахир ин дувумин додситон аст, ки алайҳаш парванда боз мешавад.
Пештар  мақомот хабар дода буданд, ки Сайфиддин Баҳриддинзода, ёвари додситони ноҳияи Шоҳмансурро бо айни иттиҳом таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад, ки ахиран боздошт шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.