расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Фасод дар неругоҳи Роғун: 124,5 млн сомонӣ ғайриқонунӣ тасарруф шудааст

. / Ҳаводис

Фасод дар неругоҳи Роғун: 124,5 млн сомонӣ ғайриқонунӣ тасарруф шудааст

Аз рӯйи далели тасарруфи пулҳо роҳбари яке аз ширкатҳои паймонкор ба ҳабс гирифта шуд.

Майдони сохтмони неругоҳи Роғун
Сурат: хадамоти матбуоти сарвари давлат
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон соли 2020 дар сохтмони неругоҳи Роғун 124,5 млн сомонӣ истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетиро ошкор кард, хабар дод имрӯз ба рӯзноманигорон раиси Агентии мазкур Сулаймон Султонзода.
Бино ба гуфтаи Султонзода, қариб ҳамаи маблағи ғайриқонунӣ азхудгардида баргардонида шудааст.
“Нисбати роҳбари ширкати сохтмони “Файзи Истиқлол-25” Тоҳир Саидзода, ки яке аз паймонкорони бунёди неругоҳи Роғун аст, аз рӯйи далели тасарруфи маблағҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 2,8 млн сомонӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуд”, - хабар дод роҳбари ин ниҳод.

Зикр шуд, ки роҳбари ширкати сохтмони “Файзи Истиқлол-25” Тоҳир Саидзода ба ҳабс гирифта шудааст.
Ғайр аз ин, Агентии зиддифасод дуздии ҳудуди 818 ҳазор сомониро, ки ҳукумати Тоҷикистон барои муқовимат бо пандемияи COVID-19 ҷудо карда буд, низ ошкор кардааст.
“Боз 48 ҷиноят аз рӯйи далелҳои фурӯши дорувориҳое, ки ба беморхонаҳо барои тақсимоти бепул ба беморони гирифтори сирояти коронавирус фиристода шуда буданд, ошкор гардиданд”, - илова намуд ӯ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.