расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Рух додани ду садамаи нақлиётӣ, ки боиси марг гардидаанд

. / Ҳаводис

Рух додани ду садамаи нақлиётӣ, ки боиси марг гардидаанд

Рӯзи 1-уми феврали соли 2021, тахминан соати 08:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Урфонов Ҷамшед Саидқурбонович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Муъминобод ба самти шаҳри Душанбе, дар шоҳроҳи мошингарди «Душанбе-Кӯлоб», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи Сироҷов Рамазон Нусратович, соли таваллудаш 1988, сокини ҷамоати деҳоти Янгишаҳри ноҳияи Лахш, ки аз тарафи шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Данғара ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Урфонова Ширинмоҳ Саидқурбоновна, соли таваллудаш 1983, сокини ҷамоати деҳоти Деҳлолои ноҳияи Муъминобод, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири дигари автомашинаи мазкур Назарова Ҳусния, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Деҳлолои ноҳияи Муъминобод, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
Рӯзи 1-уми феврали соли 2021, тахминан соати 05:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Шкода-Октавия», Муродов Шаҳром Шодиевич, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи С.Умарови шаҳри Хуҷанд, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори гардиши мазкур бархӯрда чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Шкода-Октавия», Муродов Ш.Ш. ҷароҳати вазнин ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофирони дигари автомашинаи мазкур, Қурбонов Хушдил Комилҷонович, соли таваллудаш 1998 ва Саидвалиева Камила Комиловна, соли таваллудаш 2000, сокинони шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона муроҷиат намудаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.