расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкор шудани 15 ҳолати дуздӣ

. / Ҳаводис

Ошкор шудани 15 ҳолати дуздӣ


Баъзе шахсони ҷиноятпеша пайваста даст ба кирдорҳои хилофи қонун мезананду мехоханд бо ин роҳ аз маблағҳое, ки ғайриқонунӣ ба даст овардаанд, мушкили хешро осон намоянд.
Даст ба дуздӣ задани чанд нафар аз шаҳрвандон, ки сокинони ноҳияи Кӯшониён мебошанд, далели гуфтаҳои болост.
Дар асоси аризаҳои шаҳрвандон ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён оиди аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудани моликияти шахсияшон, аз ҳисоби кормандони милитсия гурӯҳи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таъсис дода шуда, дар муддати кӯтоҳ се нафар аз сокинони ноҳияи мазкурро бо гумони ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
Инҳо шаҳрвандон Саидов Фаррух, соли таваллудаш 1989, пеш 4 маротиба бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.
Шарипов Ҷумабек, соли таваллудаш 1995, ки пеш 1- маротиба бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва Акобиров Баҳриддин, соли таваллудаш 1991, мебошанд.
Ин се нафар бо мақсади тасарруф намудани молу мулки ғайр шабона, бо тариқи пинҳонӣ вориди маназилҳои истиқоматӣ ва оғилхонаҳои шаҳрвандон гашта, аз он ҷо чорвоҳои калони майдаи шохдор, дучархаҳо, асбобҳои дуредгарӣ, яхдонҳо ва мошинаҳои ҷомашӯии сокинони ноҳияро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд.
Ин се нафар дар 15 ҳолати дуздӣ даст дошта, зарари расонидаашон ба шаҳрвандон 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати дастгиршудагон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.