расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Даргузашти Ҳабибулло Абдураззоқов ҳунарманд ва коргардони пуровозаи театру синамо

. / Ҳаводис

Даргузашти Ҳабибулло Абдураззоқов ҳунарманд ва коргардони пуровозаи театру синамо


Ҳабибулло Абдураззоқов ҳунарманд ва коргардони саршиноси театр ва синамои тоҷик соати 11.00 имрӯз, дар шаҳри Душанбе бар асари беморие, ки дошт даргузашт. Дар ин бора фарзанди эшон Шаҳбоз Абдураззоқов хабар дод.
Ҳабибулло Абдураззоқов аз ҳунармандон ва коргардонҳои саршиноси театру синамои тоҷик буд, ки соли 1937 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи риштаҳои актёрӣ ва коргардони Донишкадаи маъруфи ҳунари театрии ба номи Луначарскийи Маскав дар солҳои 1960 ва 1964 буд.
Абдураззақов дар баробари коргардону ҳунарманди пуровозаи театру синамо будан, ҳамчунин дар даврони неҳзати миллихоҳии тоҷик, дар поёни даврони Шӯравӣ, яке аз пештозони ҳаракати рӯшанфикрии Тоҷикистон буд ва узви садорати Ҳизби демократи Тоҷикистон дар замоне буд, ки ин ҳизб дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон хеле асаргузор буд. 
Пас аз хатми донишкада Абдураззоқов дар маъруфтарин тетарҳои Тоҷикистон корро ба унвони ҳунарманд ва коргардону саркоргардон оғоз мекунад. Аз ҷумла ӯ дар Театри драммаи ҳоло ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ба унвони ҳунарманд, коргардон ва саркоргардон, ҳунарманд ва коргардони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, саркоргардони Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, ҳунарманда ва коргардони киностудияи «Тоҷикфилм» кор кардааст.
Соли 2002 нахустин театри ғайридавлатии Тоҷикистонро бо номи "Падида" таъсис дод ва роҳбари бадеии он буд. 
Ин ҳунарманди саршиноси тоҷик солҳои 1987—1990 раиси Иттифоқи арбобони театри Тоҷикистон ва ҳамзамон солҳои 1987—1991 муовини аввалин Иттиҳодияи ходимони театрии ИҶШС буд. Ба унвони коргардон дар театрҳои тоҷик зиёда аз 30-намоиш таҳия кардааст.
Абдураззоқов аз ҳунармандони саршиноси тоҷик буд, ки дар филмҳои хориҷӣ ҳам нақш бозӣ кардааст. Аз ҷумла ӯ дар як филми 56-сериягӣ дар Эрон нақши асосиро бозидам. Дар Олмон ҳам як филм нақш офарида буд, ки он филм ҳам Гран-прии ҷашнвораҳои ҷаҳониро гирифта буд. 
Ба унвони ҳунарманд ва коргардон ӯ дорандаи ҷоизаҳои давлатие аз қабли орденҳои Дӯстии халқҳо (1980), Дӯстӣ (1998), «Шараф» (2012)  ва унвони Ҳунарманди халқии Тоҷикистон буд.
Барзу Абдураззоқов коргардони саршиноси тоҷик, ки имрӯз ифтихори фарҳанг ва тетари тоҷик аст фарзанди Ҳабибулло Абдураззоқов мебошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.