расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ВКД як гуруҳро бо гумони говдуздӣ дар ноҳияи Балхӣ боздошт кардааст

. / Ҳаводис

ВКД як гуруҳро бо гумони говдуздӣ дар ноҳияи Балхӣ боздошт кардааст

Гуфта мешавад ин гуруҳ мооҳои ноябру декабр говҳои сокинонро аз заминҳо ва оғилҳояшон дуздиаанд.

Сурат: ВКД
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки шуъбаи ин ниҳод дар нощияи Ҷалолиддин Балхии вилояти Хатлон як гуруҳи иборат аз се нафарро боздошт кардааст, ки дар дуздии говҳои сокинони ин ноҳия гумонбар мешаванд.
Гуфтам мешавад, ки гуруҳ бо маслиҳати пешакӣ говҳоро дуздида баъдан мефурӯхтаанд. Аз ин нафарон бошандагони ҷамоати деҳоти Узун Раҷабов Заровиддин ва Тоҳир Сафарови 32-сола ва  Мирзораҳим Ғиёсови 37-сола ном бурда мешавад. 
"Ин се нафар бо маслиҳати пешакӣ дар муддати моҳҳои ноябр ба декабри соли 2020 аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии сокинон ва манзилҳои истиқоматиашон чорвоҳои калони шохдорро тасарруф намуда, фурӯхта, маблағҳои ба даст овардаашонро ба фоидаи худ сарф кардаанд, ки бо ин кирдори ҷинояткоронаашон ба ҷабрдидагон зарари калони молӣ расонидаанд",-мегӯяд ВКД.
Айни замон вобаста ба далелҳои мазкур нисбати гумонбаршудагон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.