расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкори истифодаи беҳудаву барзиёди неруи барқ дар ошхона

. / Ҳаводис

Ошкори истифодаи беҳудаву барзиёди неруи барқ дар ошхона


Кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар пешгирии истифодаи беҳудаву барзиёди неруи барқ ва тасарруфи он нақши арзанда дошта, пайваста дар ин самт чорабиниҳои мақсаднок доир менамоянд. Имрӯз низ дар рафти чунин чорабиниҳои мақсаднок аз тарафи кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ далелҳои истифодаи беҳудаву барзиёди неруи барқ дар ошхонаи 

“Нафиса”, воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабоев 92/1-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, мутаалиқ ба Балаҷон Гадоев ошкор карда шуд.
Дар ҷараёни санҷиши мазкур ошкор гардид, ки барои омода намудани маҳсулоти нонӣ аз тарафи Рустам ном корманди ошхона дар танур аз спирали баландшиддати барқӣ истифода карда мешуд. Ба замми масрафшавии барзиёди неруи барқ дар ошхонаи “Нафиса” ҳамчунин талаботи бехатарӣ аз сӯхтор низ риоя нагардида, дар аксар қитъаҳо танзими кабелу ноқилҳои барқӣ ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ набуданд. Мавриди зикр аст, ки дар ҳолати ба амал омадани сӯхтор дар ошхонаи мазкур, хавфи бевоситаи паҳншавии оташ ба бинои истиқоматии 4-ошёнаи дар шафаташ буда, таҳдид мекунад. Илова бар ин, корманди ошхона Дилафрӯз Набиева низ барои омода намудани самбӯса аз спиралҳои баландшиддат ва лампаҳои тафсон озодона истифода мебурд. Дар нуқтаи омода намудани сихкабоби ошхона низ ҳолатҳои масрафшавии беҳудаи барқ ҷой дошта, хатҳои интиқоли барқ тавассути дарахтон бетартибона кашида шудаанд. Дар баробари қоидавайронкуниҳои ҷойдошта, соҳибкори ошхона Балаҷон Гадоев аз ҳаққи истифодаи неруи барқ ба маблағи 4467 сомонӣ аз давлат қарздор мебошад. Вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта, аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии отшанишонӣ ва кормандони шабакаҳои барқ санадҳои дахлдор тартиб дода шуданд. Ҳамчунин нисбати соҳибкор ҷарима татбиқ карда шуда, интиқоли неруи барқ қатъ гардонида шуд.

Қобили қайд аст, ки пас аз муроҷиати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сарфакории неруи барқ дар фасли сармо, кулли мардуми ҷумҳурӣ ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ пардохта, кӯшиш менамоянд, ки дар сарфакории неруи барқ саҳми худро гузоранд. Вале, мутаассифона баъзе аз соҳибкорон дидаву дониста, манфиатҳои худро аз манфиатҳои давлату миллат боло дониста, бар хилофи он амал мекунанд.

Бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳои номатлуб кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва ҷузъу томҳои он фаъолияти худро ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамин гуна чорабиниҳои мақсаднок доир намуда истодаанд.

Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.