расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҷаримаи сокини Рашт барои маъракаи сарупобинони духтараш

. / Ҳаводис

Ҷаримаи сокини Рашт барои маъракаи сарупобинони духтараш

Маблағи ҷарима 5 ҳазору 800 сомониро ташкил дод.


Акси марбута
Сурат: аз торнамои thepicta.com
Суди ноҳияи Рашт Раҳматулло Фақеров, омӯзгори маҳаллӣ, сокини 50-солаи деҳаи Ҳаитро ба маблағи 5 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима кард. Ӯ дар риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон» гунаҳкор дониста шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз прокуратураи ноҳияи Рашт.
Ба иттилои манбаъ, Фақеров ба муносибати тӯйи духтараш барои 34 нафар хешовандону ҳамсояҳо дар хонааш маъракаи сарупобинон гузаронида, барои меҳмонон зиёфат ташкил кардааст.

Дар мурофиаи судӣ аксу наворҳои видео, ки бо фармоиши худи соҳиби хона наворбардорӣ шуда буданд, ҳамчунин далел намоиш дода шуданд.
Ёдрас мекунем, ки мувофиқи қонуни дар боло зикршуда, дар Тоҷикистон баргузории маъракаҳое чун «фотиҳа», «маслиҳатошӣ», «идонабарӣ», «сандуқбарон», «сарупобинон», «чойгаштак», «раисталбон», «қудоталбон», «ноншиканон", "хонакашон", "модарталбон", "падарталбон", "рӯйбинон", "чодарканон", "муборакбодӣ", "шаҳтозон" "роҳбандон", тақдими либос ба меҳмонони ҳар ду тараф ва хешовандони арӯсу домод манъ карда шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.