расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » 350 миллион доллари духтари президентро бамегардонанд.

. / Ҳаводис

350 миллион доллари духтари президентро бамегардонанд.


Гулнора Каримова, духтари калонии президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов дар баҳси судӣ дар Швейтсария пирӯз шуд.

Ин ба ӯ имкон медиҳад, ки 350 миллион доллари ҳабсшудаашро баргардонад. Суди  баррасии шикоятҳои Швейтсария 3 декабр шикояти Гулнора Каримоваро қонеъ карда, ӯро молики қонунии ширкати дар Гибралтар сабтиномшудаи Takilant Ltd эътироф кард.
Швейтсария дороии ширкатро дар доираи парвандае ҳабс карда буд, ки соли 2018 боз шуд. «Бо назардошти ин ки прокуратураи Швейтсария барои мусодираи дороиҳои Гулнора Каримова талош мекард, ин пирӯзӣ барои ӯ муҳим аст», — изҳор дошт вакили дифои Каримова — Грегуар Манжа.
Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Швейтсария ва Тошканди расмӣ моҳи сентябри имсол дар робита ба шартҳои баргардонидани дороиҳое ба Узбекистон созиш карданд, ки дар доираи парвандаи ҷиноии Гулнора Каримова мусодира шуда буданд.
Бар асоси созиши ҳосилшуда, ҳудуди 131 млн долларе, ки аз ҳисобҳои бонкии Гулнора Каримова дар Швейтсария мусодира шуда буданд, ба мақомоти Узбекистон баргардонида мешаванд.
Вале ин созишнома аз мақомоти узбек иҷрои як қатор шартҳоро талаб мекунад. Аз ҷумла, бояд дар раванди баргардонидани пулҳо, харҷи онҳо ба «беҳсозии зиндагии мардум» ва сармоягузории тарҳҳо шаффофият таъмин карда шавад.Суди шаҳри Тошканд Каримоваро бо айбҳои фасодкорӣ, саркашӣ аз пардохти андоз ва қаллобӣ 13,4 сол зиндонӣ кардааст. Нисбати Каримова ҳамзамон дар чанде аз кишварҳои дигар, аз ҷумла ИМА, Швейтсария, Шветсия, Ҳолланд ва Фаронса парванда боз ва амволи ғайриманқули вай, ки садҳо миллион доллар арзиш дорад, ҳабс шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.