расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Даргузашти боз як генерали тоҷик

. / Ҳаводис

Даргузашти боз як генерали тоҷик


Генерал-майор Ҷаббор Ҳомидов, собиқ муовини раиси Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар синни 72 солагӣ аз дунё даргузашт


Ҳомидов Ҷаббор 1 январи соли 1948 дар деҳаи Хистеварз (собиқ Қистақӯз) и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.
Баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дар соли 1970 фаъолияти меҳнатиашро минҳайси муҳаррири калони Энсиклопедияи советии тоҷик дар шаҳри Душанбе оғоз кардааст.
Моҳи январи соли 1975 барои хизмати сарбозӣ ба сафи қӯшунҳои сарҳадӣ сафарбар гардида, чун афсар дар бахши разведкаи отряди 81-уми округи ҳарбӣ — сарҳадии Осиёи Миёна кор кардааст. Солҳои 1977-1979 муовини командири камендатураи Сарҳадии отряди 81-умро дар ӯҳда дошт.
Аз соли 1979 то 1986 ҳамчун намояндаи КДБ ИҶШС дар назди мақомоти бехатарии Ҷумҳурии демократии Афғонистон хизмат кардааст.
Солҳои 1984-1985 шунавандаи курсҳои бозомӯзии ҳайати оперативии КДБ ИҶШС дар шаҳри Москва буд.
Солҳои 1987-2002 дар вазифаҳои роҳбарикунандаи округи сарҳадии Осиёи Миёна хизмат кардааст.
Аз феврали соли 2002 то марти соли 2006 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Ҷаббор Ҳомидов моҳи марти соли 2006 аз ҳамин вазифа бо унвони Генерал-майор ба нафақа баромадааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.