расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ҲАБСИ СЕ ҶАВОН БАРОИ ХУДНАМОӢ

. / Ҳаводис

ҲАБСИ СЕ ҶАВОН БАРОИ ХУДНАМОӢ

Се ҷавони 19-соларо дар Хуҷанд барои худнамоӣ ва дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба 7 рӯзи ҳабс маҳкум кардаанд. Бинои ба иттилои ВКД, ин се нава савори мошини "Дэу-Нексия” дар кӯчаи марказии Хуҷанд "ба каҷрафторӣ роҳ дода намоишкорона аз дохили воситаи нақлиёт тавассути оина пои худро берун бароварда, бо ҳамин усул афзалияти худро нишон дода худнамоӣ кардаанд.
Рӯзи 21 октябр, соати 18, дар саҳни ҳавлиаш ба тахтапушти як марди 38-сола дар ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ корд задаанд. Ҳамлагар- сокини 36-солаи Лоҳур дастгир шудааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 23 октябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Ҳабси маъмурии 7 рӯза оқибати худнамоии се ҷавон
Паҳн гаштани наворҳои халалдоркунандаи тартибот дар шабакаҳои интернетӣ ва шарҳу эроди истифодабарнадагони сомонаҳо сабаб шуд, ки нисбати ронандаи сабукрави тамғаи «Деу-Нексия»-и дар навор инъикос ёфта аломати қайди давлатиаш TJ 1710 MA 02 Азизов Шуҳрат Баҳромович ва ду рафиқи ӯ Боиров Эраҷ Фирдавсович, Ахунов Баҳодур Мақсудҷонович соли таваллудашон 2001 истиқоматкунандагони маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд милитсия таъсиррасонии ҳуқуқӣ тадбиқ намуда, ҳар се иштирокчии ҳодисаро ҷавобгар намояд.
Тавре дар навор дида мешавад ҷавонон дар кӯчаи марказии шаҳри Хуҷанд хиёбони Исмоили Сомонӣ ба каҷрафторӣ роҳ дода намоишкорона аз дохили воситаи нақлиёт тавассути оина пои худро берун бароварда, бо ҳамин усул афзалияти худро нишон дода худнамоӣ кардаанд. Қобили қайд аст, ки чунин рафтор гувоҳи костагии ахлоқ мебошад, на нуфуз дар ҷомеа.
Милитсияи шаҳри Хуҷанд шахсияти ҷавонони беинтизомро муайян ва барои халалдоркардани тартиботи ҷамъиятӣ дар асоси моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дод.
Ҳабси маъмурии 7 рӯза оқибати худнамоии се ҷавон аст, ки бо қарори Суди шаҳри Хуҷанд тадбиқ гардид.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия

Бо корд захмӣ намудани марди 38-сола

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 21-уми октябри соли 2020, тахминан соати 18:00 марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ҳамин ноҳия дар саҳни ҳавлиаш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Лоҳур бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба пушташ задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 41-солаи сокини шаҳри Душаебе муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2018, ҳангоми дар назди маркази савдои «Ёвар», воқеъ дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе қарор доштанаш, марди 42-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 33 ҳазору 400-доллари амрикоиро гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ бармегардонад, аммо то ҳол маблағро барнагардонидааст.
Аз руи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.