расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошти назоратчии барқ: 3950 сомонӣ барои иваз кардани ҳисобкунак

. / Ҳаводис

Боздошти назоратчии барқ: 3950 сомонӣ барои иваз кардани ҳисобкунак

Сурат: Оҷонсии фасод
Оҷонсии мубориза бо фасод иттилоъ медиҳад, ки нисбат ба нозири Шабакаҳои барқии ноҳияи Сино дар шаҳри Душанбе, ки бо гумони қаллобӣ боздошт гардид, парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.  
Ба иттилои маркази матбуоти агентӣ, Алишер Нарзиев дар вазифаи нозири зеристгоҳи «Навбаҳор»-и Шабакаҳои барқии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор карда, дар давоми солҳои 2018-2020 аз шаҳрванд Рабиева Х.Т. ва писари ӯ - Рабиев Д.Н. бо роҳи фиреб ва суиистифода аз боварӣ, яъне барои иваз намудани ҳисобкунаки барқӣ, пардохти маблағи барқи истифодашуда ва ба расмият даровардани шарти техникӣ, дар чанд ҳолат маблағи умумии 3950 сомониро гирифта, онро тасарруф ва бо ин кирдораш ба номбурдагон зарари ҷиддии моддӣ расонидааст.
Дар ин асос нисбат ба Нарзиев А.Н. бо моддаи 247 (Қаллобӣ) қисми 2 бандҳои “а,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.