расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкор шудани дуздӣ аз дохили мактаби варзишӣ

. / Ҳаводис

Ошкор шудани дуздӣ аз дохили мактаби варзишӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон аризаи марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 10 ба 11-уми октябри соли 2020, тахминан соати 02:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мактаби варзишӣ, воқеъ дар кӯчаи Одинаеви ноҳияи Ёвон шуда, аз он ҷо 1-адад телевизори тамғаи “Старсат”, 1-адад компютер бо таҷҳизотҳояш, 1-адад базаи телевизор ва 1-адад принтери тамғаи “Канон”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 9 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад.
Мактаби мазкур бо камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 21 ва 25-солаи сокинони ноҳияи Ёвон ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.