расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Президент ва муфтии Тоҷикистон боз ба рӯйхати 500 мусалмони бонуфузи дунё шомил шуданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Дин

Президент ва муфтии Тоҷикистон боз ба рӯйхати 500 мусалмони бонуфузи дунё шомил шуданд


Маркази исломии тадқиқоти стратегии шоҳигарии Уммон дар ҳамдастӣ бо Маркази ҳусни тафоҳуми мусалмонӣ-насронӣ дар Ҷорҷтаун рӯйхати 500 нафар мусалмонони бонуфузи саросари ҷаҳонро пешкаши умум гардонид. Таҳқиқот ҳамасола аз соли 2009 нашр мешавад.
Дар раддабандии имрӯз, 19 октябр нашршудаи The Muslim 500-2021 бори ҳафтум аст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, инчунин пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ, ки қисмате аз пайравонаш дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд,  шомил шудаанд.
Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ дар зинаи 30-юми 50-гонаи аввал (ТОП-50), Эмомалӣ Раҳмон ва Саидмукаррам Абдулқодирзода дар феҳристи 450 нафари минбаъда қарор доранд. Ба ин рӯйхат инчунин президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Туркманистон – Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов, Чеченистон – Рамзан Қодиров ва муфтии Ӯзбекистон – Усмон Олимов низ шомиланд.
Дар садри рӯйхати маъруфтарин ва пурнуфузтарин мусалмонони ҷаҳон имсол Амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибн Абдул-Азиз ва Оятулло Алӣ Хоманаӣ - роҳбари олии Эрон аз соли 1989 ҷойгир шудаанд.
Дар 50-гонаи аввал инчунин президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Покистон Имрон Хон, ҳамлагари тими мунтахаби футболи Миср ва “Ливерпул”-и Англия Муҳаммад Салоҳ зикр шудаанд. Дар охири рӯйхати 50-гонаи аввал роҳбари толибони Афғонистон Мавлавӣ Ҳайбатулло Охундзода қарор дорад.
Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20211019/prezident-va-muftii-toikiston-boz-ba-rihati-500-musalmoni-bonufuzi-dunyo-shomil-shudand

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • John Douglas | Гости

    Hi, How are you doing? I have got a great guest post offer for you that will help you get more traffic to your site. I will send you a quality article of your readers’ interests and will just need a backlink to my site in return. For that, either you can share the topic ideas of your choice and I will write an article on that or I will share the topic ideas for you to choose one and will send you the article on it. Please share your targeted niche and focus keyword if any. Let me know what you think? Regards, John Douglas

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.