Президент ва муфтии Тоҷикистон боз дар сафи мусалмонони маъруфи дунё
Таҳқиқот ҳамасола аз соли 2009 нашр мешавад.
Сурат: коллажи Asia-PlusМаркази исломии тадқиқоти стратегии шоҳигарии Уммон дар ҳамдастӣ бо Маркази ҳусни тафоҳуми мусалмонӣ-насронӣ дар Ҷорҷтаун рӯйхати 500 нафар мусалмонони бонуфузи саросари ҷаҳонро пешкаши умум гардонид. Таҳқиқот ҳамасола аз соли 2009 нашр мешавад.
Дар раддабандии рӯзи 26 октябр нашршудаи The Muslim 500-2021 бори шашум аст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода шомил шудаанд. Онҳо дар рӯйхати 450 шахсиятҳои сол пас аз 50-гонаи беҳтарин (ТОП-50) зикр шудаанд.
Волоҳазрат Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ (ҷойи 30-юм) – пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ки пайравонаш дар Тоҷикистон низ иқомат доранд, низ дар ТОП-50 қарор дорад.
Ба 5-гонаи аввал инчнуин Шоҳи Урдун аз соли 1999 Абдулло II Ҳусейн ал-Ҳошимӣ ва Шайх Муҳаммад Тақӣ Усмонӣ шомиланд, ки яке аз олимони саршиноси ҷаҳони ислом аст.
Дар ТОП-50 сарвазири Покистон Имрон Хон (ҷойи 15-ум), шоҳзодаи валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибн Салмон (ҷойи 23-юм), футболбози дастаи Ливерпул аз Миср Муҳаммад Салоҳ (ҷойи 42-юм) низ зикр шудаанд.
Дар феҳристи минбаъдаи 450 нафар шахсиятҳои маъруфи ҷаҳони ислом президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Туркманистон - Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов, Чеченистон - Рамзан Қодиров, муфтии Ӯзбекистон Усмон Олимов, инчунин қаҳрамони амалкунандаи UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмагомедов ва дигарон шомил гардидаанд.