расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Фавти 5 муҳоҷири тоҷик дар Русия дар ду рӯзи охир

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Муҳоҷир / Ҳаводис

Фавти 5 муҳоҷири тоҷик дар Русия дар ду рӯзи охир


Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ду ҳодисаи нохуше хабар дод, ки бар асари он дар маҷмӯъ, 5 нафар муҳоҷири тоҷик дар ду рӯзи охир ба ҳалокат расидаанд.
Ин ниҳод, баъди зӯҳри имрӯз, 14-уми декабр, бо нашри ду изҳори таслият дар саҳифаи расмиаш дар “Фейсбук” гуфт, ки ҳарду ҳодиса таҳти пайгирии сафорат ва консулгарӣ қарор доранд ва ба наздикону пайвандони фавтидагон тамоми кӯмакҳои зарурӣ расонида мешаванд.
Манбаъ мегӯяд, ҳодисаи якум дирӯз, 13-уми декабр, дар ноҳияи Раменскийи вилояти Маскав рух дод, ки дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз гази табиӣ  дар як хонаи истиқоматӣ се шаҳрванди  Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.
Қаблан, хабаргузории “Mash” иттилоъ дода буд, ки як оила аз Тоҷикистон бар асари заҳролудшавӣ аз оксиди карбон дар деҳаи Прудки ноҳияи Раменскийи наздикии Маскав ба ҳалокат расиданд. Фавтидагон ду калонсол ва як кӯдак будаанд.
Ба таъкиди ин ниҳод, ҳодисаи дуввум имрӯз, 14-уми декабр, дар яке аз биноҳое, ки дар он муҳоҷирони тоҷик кор мекарданд, рух додааст.
Гуфта мешавад, ки ду ҷавони тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз ошёнаи 13-уми бино афтида, ба ҳалокат расидаанд.
“Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтидагон ҷиҳати интиқол додани ҷасадҳо ба Ватан изҳори омодагӣ намуд”, - гуфтааст сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Аз ин пештар, хабаргузории “Bloknot.ru” хабар дода буд, ки дар як сохтмони ҷазираи Василевскийи Санкт-Петербург ду ҷавони тоҷик ба ба чоҳи лифт афтода, ба ҳалокат расидаанд.
Гуфта мешуд, ки ҳалокшудагон ду тоҷики 25 ва 29-сола будаанд, ки яке дар қайди муҳоҷират қарор дошта, дуввумӣ ғайриқонунӣ дар Русия қарор доштааст.
"Касе лаҳзаи афтодани ин ду коргарро надидааст. Дар он сохтмон видеокамераҳои назоратӣ нест. Қазияро Кумитаи тафтишот таҳқиқ мекунад. Ҳоло масъалаи кушодани парвандаи ҷиноятӣ дар баррасӣ қарор дорад", — навиштааст “Bloknot.ru”
Сафорат Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, қазия таҳти пайгирии сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург қарор дорад.
Русия макони кору зиндагии садҳо ҳазор тоҷикистонӣ аст. Солона садҳо нафари онҳо дар пайи беморӣ, садама ва ҳодисаҳои дигари нохуш ҷони худро аз даcт медиҳанд.
Аз ҷумла Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон  хабар дода буд, ки дар 1,5 соли охир тақрибан 1,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа, бахусус дар Русия, фавтидаанд.
Мақомот сабаби марги шаҳрвандонро беморӣ, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва омилҳои дигар арзёбӣ мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.