расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳалокати духтари 16-сола ҳангоми чорвочаронӣ дар Панҷакент

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Ҳалокати духтари 16-сола ҳангоми чорвочаронӣ дар Панҷакент


Як сокини 16-солаи деҳаи Бадгаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷекат ҳангоми чорвочаронӣ аз баландии тахминан 80 метр ба зер афтода, ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад КҲФ ҶТ.
Гуфта мешавад ин ҳодиса баъд аз зуҳри рӯзи якшанбе, 23 октябр рух додааст.
"Сабаби сарозер шудани духтари 16-сола дақиқ маълум нест. Ҷасади ӯро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайдо карданд", - афзудааст манбаъ.
Кумитаи ҳоатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки дар рӯзҳои боронӣ ва умуман дар остонаи фасли сард бояд кӯдакону наврасонро эҳтиёт намуд ва танҳо ба чорвочаронӣ, ғунучини ҳезуму алаф ва гиёҳҳои доруворӣ фиристодани ноболиғон хатар ба ҷони онҳо дорад.
Кумита танҳо фиристодани як духтари ҷавон барои чорвочаронӣ ба кӯҳро, бемасъулиятӣ унвон кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.