расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Дарёфти кори руъёӣ: дар Душанбе Фестивали касбу кор доир шуд: видео

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Дарёфти кори руъёӣ: дар Душанбе Фестивали касбу кор доир шуд: видео

Дар Душанбе ярмаркаи васеи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ барои мутахассисон ҷойҳои корӣ бо маоши аз 2850 то 6500 сомонӣ пешниҳод гардидааст.

Ин ярмарка бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Ташкилоти ҷамъиятии “Занони хушбахт” ташкил шудааст.


Бонкҳо, ташкилотҳои хурди қарзӣ ва корхонаю ташкилотҳои соҳаи саноат, сохтмон, нақлиёт, тандурустӣ ва суғурт, дар умум беш аз 40 ширкате буданд, ки дар ин ярмарка ширкат карда барои худ кормандони зарурияшонро пайдо карданд.

Раиси бонки "Арванд" Содиқова Шоира, ки барои дарёфти корманд омада буд, мегӯяд ташкили чунин як чорабиниҳо барои ҳам корхонаҳо ва инчунин корҷӯён зарурист.

"Пеш аз ҳама барои ҷавонон дарёфти кори сазовор осон нест, аз ин лиҳоз мо хостем ин дар як майдон гирд оем ва чорабинӣ як кумак ба ҷавонон ва занон гардад то шуғли дилхоҳашонро пайдо кунанд", -афзуд манбаъ.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.