расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Дабири кулли СААД ба Душанбе меояд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Дабири кулли СААД ба Душанбе меояд


Станислав Зас, дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) охири ҳафта, 21-уми октябр, ба Душанбе сафар мекунад. Дар ин бора сомонаи СААД 
хабар медиҳад.
Ба иттилои созмон, сафари кории Станислав Зас рӯзҳои 22-24-уми октябр идома ёфта, ӯ дар марҳилаи фаъоли машқҳои нерӯҳои дастаҷамъии СААД дар Тоҷикистон иштирок меварзад.
“Дабири кулл 23-юми октябр ба тамрингоҳи “Ҳарбмайдон”, воқеъ дар 20-километрии марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки “Муомила-2021”-и Нерӯҳои дастҷамъонаи сареъи СААД, “Ҷустуҷӯ-2021”-и Неруҳо ва воситаҳои иктишофӣ ва “Эшелон-2021”-и воҳидҳои таъминоти моддию техникии Нерӯҳои дастаҷамъӣ сурат мегирад, иштирок хоҳад кард”, - омадааст дар хабари СААД.
Ҳамин тавр, дар назар аст, ки Станислав Зас бо раҳбарияти сиёсӣ ва низомии Тоҷикистон мулоқот анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҳоло бо иштироки нерӯҳои дастаҷамъии истиқрори сареъи минтақаи Осиёи Марказӣ тамриноти муштараки “Сарҳад-2022” баргузор мешавад, ки марҳилаи фаъоли тамринот дар тамрингоҳи “Ҳарбмайдон” хоҳад гузашт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.