расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Имзои Ёддошти ҳамкорӣ байни Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Туркия

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт

Имзои Ёддошти ҳамкорӣ байни Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Туркия


Миёни Палатаҳои савдо ва саноати вилояти Хатлони Тоҷикистон ва шаҳри Коняи Туркия, инчунин минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ва парки техникии “Билишим Вадиси” ёддоштҳои ҳамкорӣ ба имзо расид, хабар медиҳад сафорати Тоҷикистон дар Туркия.
Гуфта мешавад, маросими имзои ёддоштҳо дар доираи боздиди як ҳайати тиҷоратии шаҳри Коня аз ноҳияи Данғара баргузор шуд.
Ҳамчунин дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” бо иштироки доираи васеи ширкатҳои Тоҷикистону Туркия, раҳбарияти Кумитаи сармоягузорӣ ва ҳукумати вилояти Хатлон форуми соҳибкорони минтақаҳои ду кишвар ва вохӯриҳои корӣ дар шакли “В2В” доир гардид.
Қобили зикр аст, ки ҳайати кории шаҳри Коня барои дарёфти роҳу воситаҳои нави таҳкими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Сафар бо дастгирии сафорати Тоҷикистон дар Анқара ва дигар вазорату идораҳои дахлдори ҳар ду кишвар роҳандозӣ шуда, то 8 сентябр идома меёбад.
Рӯзи 5 сентябр ҳайат бо вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва намояндагони Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ дидору гуфтушунид кард.
Ғайр аз ин, дар Душанбе миёни ширкатҳои Тоҷикистону Туркия дар шакли “В2В” вохӯрии корӣ баргузор шуд.
Тибқи барномаи сафар, ҳайати Туркия бо иштироки доираи васеи ширкатҳои ду кишвар дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Данғара вохӯриҳо гузаронида, аз корхонаҳои саноатӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ боздид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.