расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Покистон зери об: селу обхезӣ манзилҳои ҳазорҳо нафарро хароб кард – акс

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҷаҳон

Покистон зери об: селу обхезӣ манзилҳои ҳазорҳо нафарро хароб кард – акс

Ба иттилои Идораи миллии мубориза бо офатҳои табии Покистон, шумори қурбониёни обхезӣ дар ин кишвар аллакай бештар аз ҳазор нафар аст

Боришот аз авохири моҳи июн оғоз шуда шаҳрҳо ва вилоятҳои Покистонро зери об гузоштааст. Оби рӯдхонаҳо баланд рафта, боиси обхезиҳои фалокатбор шудааст

Танхо дар давоми 24 соати охир аз ин офати табиӣ 119 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 70 нафар осеб дидаанд. Дар Покистон вазъияти фавкулодда эълон шудааст

Тибқи маълумоти пешакӣ, то имрӯз беш аз 33 миллион нафар аз офати табиӣ осеб дидааст

Боронгариҳо ва дарёҳои пур аз об кариб 3,5 ҳазор километр роҳ ва қариб 150 купрукро вайрон карда аст
Қариб 950 ҳазор хона пурра ё кисман хароб шудааст

Мақомоти ин кишвар барои рафъи паёмадҳои обхезӣ барои кумакҳои байналмилалӣ дархост ирсол кардааст. СММ аллакай вокуниш нишон дода, эълон кард, ки ба Покистон барои рафъи обхезӣ 3 миллион доллар ихтисос медиҳад

Маблағҳо барои таъмини бахши тандурустӣ, ғизо, амнияти озуқаворӣ, об ва хадамоти беҳдошт истифода хоҳанд шуд

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.