расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Боздошти назоратчии барқ: 3 ҳазору 800 сомонӣ барои иваз кардани ҳисобкунак

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа

Боздошти назоратчии барқ: 3 ҳазору 800 сомонӣ барои иваз кардани ҳисобкунак


Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон аз боздошти як нозири барқи шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад, ки ба гирифтани 3 ҳазору 800 сомонӣ пора айбдор мешавад.
Ин ниҳод, рӯзи 1 август бо пахши хабаре дар сомонаи расмиаш иттилоъ дод, ки Зоҳирҷон Солиев, назоратчӣ-барқчии Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Ваҳдат бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои бекор кардани санади қоидавайронкунӣ 4 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
- Аз ин маблағ 3800 сомониашро гирифта, бар хилофи манфиатҳои хизматӣ ҳисобкунаки барқии манзили истиқоматии охиронро бе тартиб додани санади дахлдор иваз намудааст, - менависад Оҷонсии зиддифасод. 
Ин ниҳод афзудааст,  вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Солиев бо гумони “қаллобӣ” (моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г”) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши онро ба анҷом расонда, ба додгоҳ супурдааст.
Ин банди қонун аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.