расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Якшанбеи хунин дар Ғончӣ

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Якшанбеи хунин дар Ғончӣ

Куштори бераҳмонаи ду фаррош даҳшатноктарин ҳодисаи шашмоҳаи аввали соли 2022 дар вилояти Суғд буда, аз руй додани ин ҷинояти вазнин 10-рӯз сипарӣ шуд.
Ин ҳодисаи ваҳшатбор якшанбеи гузашта, яъне рӯзи 17-июл дар идораи замини ноҳияи Деваштич ба вуқуъ пайваста, яке аз кормандони ин сохтор 2 зани фаррошро, ки барои поккорӣ кардан дар рӯзи истироҳат ба кор баромада буданд, бераҳмона кордборон карда кушт. Ин рӯйдоди хунин натанҳо сокинони Вилояти Суғд, балки тамоми Тоҷикистонро таккон дода, тахмину гумонҳо дар бораи ин ҳодисаи ваҳшатбор хеле зиёданд, вале касе аниқ гуфта наметавонад, ки чаро дар рӯзи равшан як корманди идораи давлатӣ 2 фаррошро, ки коре ба кораш надоштанд, бераҳмона кордборон карда куштааст. Мавзӯи дардноки куштори ваҳшиёнаи Умеда Зокирова ва Вориса Фозилова ба дасти корманди идораи замини ноҳияи Деваштич Саҳобиддин Мунавварзода рӯзи 25-уми июл дар нишасти матбуотии идораи замини вилояти Суғд низ ба миён гузошта шуд, вале Толибҷон Тоҳирӣ, роҳбари ин сохтор дар посух ба саволи журналистон гуфт: “Айни замон нисбати ин шахс бо моддаҳои дахлдор парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст ва ба хотири халал нарасонидан ба рафти тафтишот дар ин бора чизе гуфта наметавонем.” Нолаи ҷигарсӯзе, ки дили сангро об мекард Ба хотири фаҳмидани тафсилоти ин ҳодисаи хунин мо роҳи деҳаи Ғозантараки ноҳияи Деваштич (Ғончи)-ро пеш гирифта бо пайвандони ин ду зани шаҳидгашта ҳамсӯҳбат гаштем. Садои нолаи ҷигарсӯз аз фазои хонаводаи Фозиловҳо ба фалак печида буд ва гиряҳои зори пайвандони ду маит дили санги хороро ҳам обу адо мекард. Модарони ҷигарсӯхтаву падарони қиматхамида ва фарзандони сағирмондаи кушташудагон зор-зор гириста, ба қотили бераҳм лаънат мехонданд, ки онҳоро аз азизони дилашон ҷудо кард. Қатори дигар мардуми ба таъзия омада мо низ вориди ин хонадони ғамзада гаштем ва баъди изҳори ҳамдарди худро шинос карда, чӣ тавр сар задани ин ҳодисаи хунинро пурсон шудем. Камбағалӣ маҷбур кард, ки фаррош шаванд, вале...  Аҳли хонаводаи Фозиловҳо зиндагии миёнаҳолона доранд ва сабаби фаррош шудани Умедаю Вориса низ маҳз камбағалӣ будааст.Ба хотири каме ҳам бошад, беҳтар кардани шароити зисту зиндагии аҳли оилаашон Умеда Зокироваи 45-сола ва Вориса Фозиловаи 56-сола дар идораи замини ноҳия ҳамчун фаррош ба кор даромада, барои 500-сомонӣ заҳмати зиёде мекашиданд, бехабар аз он ки як рӯзи тақдирсӯз аждари марг дар ин ҷо гиребонгирашон хоҳад гашт... Духтарам босавод шавад гуфту... Духтари Умеда Ворисова оид ба куштори модараш бо аламу дард чунин гуфт: -Мо дар оила се духтар ҳастем. Модари меҳнатию ормониям барои ба падарам дар таъмини зиндагӣ кме ҳам бошад, кӯмак расонидан дар Кумитаи идораи замини ноҳия фаррош шуда кор мекард. Агар аз сетои мо ақаллан як нафарамон писар ва ноновари хонадон мебудем, шояд модари бечраам ба хотири кашидани аробаи шалақи зиндагӣ фаррошӣ карда, бо чунин тарзи ваҳшиёна кушта намешуд, вале сад афсӯс, ки тақдири илоҳиро тадбир набудааст. Ин духтараки ҷигарсӯхта мегӯяд, азбаски худи модараш савод ва маълумоти олӣ надошт, бисёр мехост, ки фарзандонаш соҳибмаълумот гашта, нонашонро бо нӯги қаламашон ёбанд. “Модарам бо орзуву ҳавасҳои бисёре хоҳари хурдиашро ба донишгоҳ дохил карда, ду тангаи ночизи фаррошияшро бо умед ҷамъ мекард, ки барои хондани хоҳаракам сарф кунад, вале ҳавасҳояш ношикаста монданд. Хоҳарам курсми якумро нав хатм карда, модари ормониям роҳати фарзандро надида, ба таври ваҳшиёна кушта шуд. Аз ҳама аламовараш он аст, ки модарам аз дасти шахсе кушта шуд, ки барояш хӯрок мепухт, ношустаҳояшро мешуст ва ҳуҷраашро саришта кардаю таги пояшро тоза мекард. Саҳобиддин Мунавварзода, ки модарам ва аммаамро кушт, ақаллан хотири зан будану меҳнати ҳалол кардани онҳоро накард? Модарам хӯрок мепӯхт ва ин марди нохалаф онро мехӯрд. Наход хотири нону намак набошад? Модарам ҳамагӣ як “гуноҳ” дошт, як зани меҳнаткаши сода ва камбағал буд. Духтарам сӯхторро пешгирӣ мекунам гуфта кушта шуд Қосим Зокиров, падари Умеда Зокирова буда, солҳои зиёде ба ҳайси ронанда кор кардааст. Ин падари ҷигарсӯхта бо ашки шашқатор гуфт: -Як кондиционери идораи замин сӯхта, сӯхтапораҳо ба замин рехта будааст. Занг заданд, ки омада тоза кунед. Бо шунидани хабари сӯхтор духтарамро зуд ба он ҷо бурдам, ки тоза кунад, вале намедонистам, ки дар рӯзҳои истироҳатӣ Мунавварзода барои амалӣ кардани мақсадҳои нопокаш пайти мувофиқ ёфта, ба идораи замин меравад ва он ҷоро оташ мезанад. Мани сарсахт аз пешомади бади худ бехабар бо дасти худам духтарамро ба коми марг бурдам. Ба гумонам Мунавварзода ягон нақшаю мақсади нопоке доштааст ва духтару келинам бо буданашон дар идора ба ӯ хала мерасониданд, барои ҳамин ҳардуро кордборон кардааст. Мо,а агар сари вақт намерафтем, идора ба пуррагӣ ба коми оташ мерафт ва кадом ҳуҷҷатҳоро сӯзондану боз чи корҳои дигар кардани ин марди бевиҷдон бе шоҳид ва пинҳон мемонд... Ин падари ҷигарсӯхта мегӯяд, вақте ҷасадҳоро оварданд, дасту пояш аз тарсу ҳарос ба ларза даромаданд, чунки ҷисми ҳарду ғарқи хуну халаф буда, қотил ҳатто ба чашму рӯяшон ҳам корд зада будаас. “Шояд духтарки нокомам барои ҳимояи худ дастонашро ба рӯяш пӯшида бошад, ки дастонаш низ пур аз захми корд ва пора-пораю хуншор буданд. Хулоса, тамоми баданаш аз тарафи пешу пушт кордборон шуда буд ва шумораи захмҳоро натавонистае муайян кунем”-қисса мекунад бо чашми пуроб ин падари ҷигарсӯхта. 

 Сарчашма:оила тҷ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.