расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Марги тифли ширхора дар садамаи нақлиётӣ

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Марги тифли ширхора дар садамаи нақлиётӣ

Бар асари як ҳодисаи нохуши нақлиётӣ тифлаке, ки ҳанӯз аз шири модар сер нагашта буд, ба таври фоҷиавӣ аз дунё гузашта, як кӯдаки дигар сахт захмӣ шуд ва боз чанд нафар ҷароҳат бардоштанд...

Ин ҳодисаи нохуш санаи 26-уми июл, тахминан соатҳои 09:50 сар зада, Қосимов Азиз Абдуҳалимович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Восеъ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ”, ба самти муқобили роҳ баромада, аввал бо суръати баланд ба автомашинаи тамғаи “Тойота Камри”, таҳти идораи Мирзоев Хуршед Ҳакимович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Восеъ бархӯрда, баъд ба мошини тамғаи “Лексус LX-570”, таҳти идораи Меликов Фирдавс Зафарович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Душанбе бархурдааст.

Садамаи мазкур паёмадҳои хунини зиёде дар пай дошта, бар асари ин ҳодиса ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра», Қосимов А. А.. ва мусофиронаш:

Назарова Робия Саидҷаъфарович, соли таваллудаш 1978, Ғуломов Абубакр Раҳмонович, соли таваллудаш 1987, Нуралиев Наҷибулло Нуриддинович, соли таваллудаш 1998, сокинони ноҳияи Восеъ, Якубова Сомона Азизуллоевна, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе ва хурдсол Нуриддинов Муҳаммадӣ Наҷибуллоевич, соли таваллудаш 2020, сокини ноҳияи Восеъ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Мутаассифона, мусофири дигари автомашинаи тамғаи “Опел Астра” хурдсол Нуриддинова Зайнаб Наҷибуллоевна, соли таваллудаш 2022, сокини ноҳияи Восеъ, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад. 


 Сарчашма:оила тҷ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.