расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Раис барои оилаи аскарбачаи шаҳидгашта хона месозад?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Раис барои оилаи аскарбачаи шаҳидгашта хона месозад?

Даврон Нишонзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ тасмим гирифтааст, ки барои оилаи як сарбози шаҳид, ки дар муноқишаҳои марзӣ бо қирғизҳо ба ҳалокат расидааст, хонаи нав сохта диҳад...

Муродбек Маҳмадқулов, сарбози номуроди тоҷик моҳи июни соли 2022 дар шаҳри Исфара аз тири сарбозони қирғиз кушта шуд ва акнун ҳукумати ноҳияи Дӯстӣ тасмим гирифтааст, ки барои аҳли хонаводаи ин тоҷикбачаи шаҳид манзили истиқоматӣ бунёд намояд. Дар ин бора Даврон Нишонзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ додааст.

"Мо бо шароити зисти оилаи сарбози марҳум Муродбек Маҳмадқулов шинос шудем. Маълум шуд, ки оилаи сарбоз дар шароити вазнин зиндагӣ мекунанд.

Мо замин ҷудо кардем ва тасмим гирифтем, ки барои волидайни ин сарбоз манзили зист бисозем",- гуфт Нишонзода. Раиси ноҳия афзуд, ҳамчунин, мактаби рақами 33-и ноҳияро, ки Муродбек Муҳамадқулов онро хатм кардааст, ба номи ин сарбоз мегузоранд. 


 Сарчашма:оила тҷ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.