расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Раиси ноҳияи Вахш: Домоди арӯси худкушӣ карда бемории рӯҳӣ доштаанд, вале...

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Раиси ноҳияи Вахш: Домоди арӯси худкушӣ карда бемории рӯҳӣ доштаанд, вале...

Қурбон Юсупов, раиси ноҳияи Вахш дар нишасти матбуотӣ сабаби даст ба худкушӣ задани як ҷуфти навхонадоронро дар деҳаи Якатут маънидод намуда, гуфт “домоду арӯс бемории рӯҳӣ доштаанд!”

Ёдрас мешавем, ки домоди ноком Шарифбек Зиёев, сокини ноҳияи Вахш ва арӯсаш Гулҳавас Шоева, ки сокини ноҳияи Кӯшониён баъди маҳфили арӯсиашон, шаби 26 ба 27-уми марти соли 2022 тахминан соатҳои яки шаб дар оғилхонаи ҳавлии истиқоматиашон худро ба дор овехтанд.

Мақомот ин ҳодисаи нохушро ҳамчун худкушӣ арзёбӣ намуданд, вале волидони ҷавонони ормонӣ, махсусан падару модари арӯси ҷавонмарг Гулҳавас Шоева ба худкушӣ кардани духтарашон бовар надоштанд, аммо...

Раиси ноҳияи Вахш Қурбон Юсупов мегӯяд: “Мувофиқи маълумоте, ки мо дорем, онҳо бемории руҳӣ доштаанд. Инро на падарашон медонад, на касе медонад. Ягон ҷангу ҷалҷол ҳам нашудааст. Ростӣ, хуб нест. Мо ҳам ҳайрон, ки чаро чунин кор шуд”.

https://oila.tj/news/domodu-ars-charo-khudkush-kardand Исмоилзода Салоҳиддин, прокурори ноҳияи Вахш низ дар робита ба ин мавзӯъ изҳори назар намуда гуфт:

“Аз ҷониби мо дар ин масъала қарор қабул карда шуд. Падару модарон пурсида шуданд. Яке аз далелҳое, ки онҳо бемории руҳӣ доштаанд, ин буд, ки онҳо чанд маротиба аз ҷониби мулло хонда шудаанд.

Падару модарон ҳам гуфтанд, ки онҳо шабона баромада сари замин мерафтаанд. Мегаштаанд. Ҳаминҳо далелҳо мешаванд”. 


 Сарчашма:оила тҷ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.