расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ба кӯдакон афсона гуфтан гуноҳ аст?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Ба кӯдакон афсона гуфтан гуноҳ аст?

Дурӯғ гуфтан ба бандаи мусалмон ҷоиз нест. Мехоҳам донам, ки дар вақти хоб ба кӯдак гуфтани афсона дурӯғ ҳисоб мешавад ё не? Заррагул, н.

Тоҷикобод Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ Аввал ин ки афсона барои хушҳол ва ором кардани кӯдакон нақл карда мешавад.

Ҳама гуна нақлу қиссаҳоро ба дурӯғ ҳукм кардан аз рӯи мурувват нест.

Албатта дар китобҳо ва таърихномаҳо қиссаҳои дуруст ва саҳеҳ вуҷуд доранд.

Шумо метавонед, ки аз ин гуна нақлу ривоятҳо ба кӯдакон мутобиқ ба синну сол ва фаҳму даркашон ҳикоят кунед. Филмҳое, ки аз ҷониби коргардонҳо рӯи навор меоянд, агарчи образҳои онҳо тахайюлӣ ҳастанд, лекин мисли онро дар зиндагӣ мушоҳида кардан мумкин аст, бинобар ин, чунин филмҳоро набояд ба дурӯғ ҳукм кард, зеро дар онҳо ҷанбаҳои тарбиявию ахлоқӣ ва ибратомӯз вуҷуд доранд.

Агар афсонаву ривоят ва ҳикояҳо ба роҳи бадӣ ҳидоят накунанд, пас зараре дар онҳо нест. 

 Сарчашма:оила тҷ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.