расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Додситонии кулли Русия дархост намудааст, ки ҲНИТ террористӣ эътироф шавад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Додситонии кулли Русия дархост намудааст, ки ҲНИТ террористӣ эътироф шавад


Додситонии кулли Русия бо дархости террористӣ эътироф шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба додгоҳ муроҷиат намудааст. Дар ин бора Игор Краснов, додситони кулли Русия дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳори назар кардааст, хабар медиҳад нашрияи "Коммерсантъ" бо такя ба мақомоти назоратӣ. Фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон аз соли 2015 манъ аст.
Игор Краснов, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, хабар додааст, ки Додситонии кулли Русия дархости додситонии кулли Тоҷикистонро дар мавриди террористӣ эътироф намудани баъзе созмонҳо баррасӣ кардааст.
“Нисбат ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мо аллакай ба додгоҳ даъвои дахлдор фиристодем”, - иброз доштааст додситони кулли Русия зимни мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ҳамин ҳол, тавре ки сомонаи президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилиро, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои таҳмили идеологияи  тундгароии динӣ ба ҷомеа, ҳамчунин  гурӯҳҳои «хуфта»-и терроризму экстремизми байналмилалӣ алоқамандӣ доранд, муҳокима намуданд.
Гуфта мешавад, дар рафти суҳбат атрофи вазъи мураккаб дар Афғонистон, ҳамчунин масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ҳамкории мақомоти прокуратураи ду кишвар дар самти   расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноӣ ва истирдоди ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта мубодилаи афкор сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки дар сомонаи президенти Тоҷикистон дар мавриди дар Русия террористӣ эътироф шудани ҲНИТ чизе гуфта нашудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.