расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳуқуқшиноси саршиноси тоҷик Ҷунайд Ибодов аз олам даргузашт

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Ҳуқуқшиноси саршиноси тоҷик Ҷунайд Ибодов аз олам даргузашт


Ҷунайд Ибодов, ҳуқуқшиноси саршиноси тоҷик ва ҳамсари Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ бар асари беморие, ки дошт, имрӯз дар шаҳри Душанбе дар синни 74-солагӣ аз олам даргузашт.
Наздикони дӯстони ин хонавода бо нашри изҳори тасаллият аз Ҷунайд Ибодов ба сифати як  шахсияти нек ва ҳуқуқшиноси варзида  ёдовар шудаанд.
Гуфта мешавад, ки сабаби даргузашти марҳум бемории сактаи қалб аст.
Ҷунайд Ибодов аз камтарин ҳуқуқшиносони саршинос буд, ки  дар ҳалли қазияҳои душвори судӣ, ки бештарашон ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуоту журналистика рабт доштанд, ба сифати ҳомии ҳуқуқ ширкат мекард. Ҳамкасбонаш аз ӯ ба сифати як ҳуқуқшиноси донишманду таҷрибадор ёдоварӣ мекунанд.
Ҷунайд Ибодов шавҳари ҳуқуқшиноси номвари тоҷик Ойниҳол Бобоназарова буд. Дар суҳбатҳо аз ҳамсари машҳураш бо ифтихор ёд мекард.
“Азбаски ману ҳамсарам Ойниҳол Бобоназарова ҳамкасбем, китобҳову ҳафтаномаҳоро ҳамроҳ мехонему баррасӣ мекунем. Бо бонуи ҳуқуқшинос зистан, ба ақидаи ман, шараф аст. Ман ба Ойниҳол ҳам дар корҳои хона ва ҳам дар фаъолияти касбиаш мадад мерасонам. Кӯшиш мекунам, ки ҳамсари азизам руҳан осуда бошад. Саодати зиндагӣ дар ҳамдилию ҳамфикрист”,- гуфта буд ӯ дар яке аз суҳбатҳо.
Ҷанозаи Ибодов, имрӯз, соати 17:30 дар масҷиди марказии деҳаи Сангтӯдаи ҷамоати Сангтӯдаи ноҳияи Данғара баргузор хоҳад шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.