расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Марги ду марди бесарпаноҳ дар як ҳафта дар Суғд. ВИДЕО

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Марги ду марди бесарпаноҳ дар як ҳафта дар Суғд. ВИДЕО

Дар як ҳафтаи охир дар шаҳри Хуҷанд ва Гулистон ду марди бесарпаноҳ дар кӯча ва бекасу кӯй даргузаштаанд.

 Яке аз онҳо 44-сола ва дигаре 26-сола аст. Фавти онҳоро намунае аз тақдири бади афроди оворагард дар Тоҷикистон медонанд, ки теъдодашон ба тадриҷ зиёд мешавад. Ба иттилои созмонҳои иҷтимоӣ, дар вилояти Суғд қариб 500 бесарпаноҳ зиндагӣ мекунанд.

"Танҳо дар як ҳафта ду нафари онҳо дар кӯча фавтиданд. Яке Бахтиёр Тоҳиров, дигаре Олег.

Мушкилашон ин буд, ки зиёд арақ менӯшиданд. Бояд инҳоро табобат кард ва ба зиндагии муқаррарӣ баргардонд," – гуфт Баҳрӣ Абдураҳмонова, мудири созмони "Диёр" рӯзи 12-уми июл.

Бахтиёр Тоҳиров моҳи октябри соли 2021 дар суҳбати видеоӣ ба Радиои Озодӣ иддао карда буд, ки ҳашт сол пеш дар ҷустуҷӯйи кори беҳтар ба маркази вилояти Суғд омад ва дар инҷо монд. Мегуфт, ҳамсару се кӯдак дорад, аммо барои хӯрондану пӯшондани онҳо имкон надорад.

Баъди он корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва муҳоҷирон ба ёриаш шитофтанду манзили иҷора гирифтанд, аммо дертар хабар доданд, ки ӯ дубора ба зиндагӣ дар кӯча баргаштааст.



Сарчашма:озоди

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.