расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Президенти Шри-Ланка тавассути почтаи электронӣ номаи истеъфо фиристод

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Президенти Шри-Ланка тавассути почтаи электронӣ номаи истеъфо фиристод

Раисиҷумҳури Шри-Ланка Готабая Раҷапакса бо почтаи электронии раиси порлумони ин кишвар истеъфои худро фиристод, хабар медиҳад, РИА "Новости" бо такя ба расонаҳо.

Эътирозҳои оммавӣ алайҳи ҳукумати президент Готабая Раҷапакса охири моҳи апрел дар Коломбо оғоз шуд.

Тазоҳургарон ҳукуматро дар пешбурди сиёсати хатои иқтисодӣ муттаҳам мекунанд, ки боиси бадтарин буҳрони иқтисодӣ дар таърихи кишвар шудааст.

Рӯзи шанбе, 9 июл эътирозгарон қароргоҳҳои раисиҷумҳур ва нахуствазири Шри-Ланкаро ишғол карданд.

Субҳи рӯзи чаҳоршанбе, 13 июл Раҷапакса, ки қаблан нияти истеъфои худро эълон карда буд, кишварро тарк кард.

Эътирозҳо рӯзи чаҳоршанбе баъд аз он дубора авҷ гирифт, ки бар хилофи интизориҳои мухолифин, раисиҷумҳур истеъфои ваъдашударо ба раиси порлумон насупорид ва нахуствазир Ранил Викремесингҳеро, ки истеъфои ӯро низ мардум тақозо доранд, раисиҷумҳури муваққатӣ таъин кард.

"Президенти Шри-Ланка Готабая Раҷапакса ба унвони раиси порлумон номаи истеъфо фиристод", - омадааст дар изҳороти Reuters.
Ба гуфтаи манбаъ дар дафтари матбуот, талош доранд, то дурустии ин изҳоротро мушаххас кунанд.


Дар ин росто, бо Прокурори генералӣ машваратҳо гузаронида мешаванд.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.