расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Духтари 18-сола бо ҷурми дуздӣ ба чанг афтиду...

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Духтари 18-сола бо ҷурми дуздӣ ба чанг афтиду...

Чашм ало кардан ба моли ҳалоли дигарон ва дуздию ғоратгарӣ аз ҷумлаи бадтарин амалҳо ба шумор рафта, ҷазои сахте дар пай дорад.

Худованд касонеро, ки даст ба ғоратгарӣ мезананд, лаънат кардааст, вале гуноҳи бузург будани дуздиро дидаву дониста, иддае аз одамони ба ном мусалмон даст ба ин амали нораво мезананд. Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як духтари ҷавон бо ҷурми дуздӣ хабар додааст.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, ба шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҳамадонии Вилояти Хатлон як ҷавонзани 23-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намуда, аз он шикоят кардааст, ки шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш гашта, ҷавоҳироти тиллоиро ба яғмо бурдааст.

Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Кормандони мақомоти милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони даст доштан дар ин қазия як духтари ҷавони маҳаллиро, ки ҳамагӣ 18-сол дорад, дастгир кардаанд.

Айни замон нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 244 қисми 3 банди “в”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 


 Сарчашма:​оила тҷ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.