расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Баъд аз 26 соли зиндагӣ дар хобгоҳ омӯзгор соҳиби хона шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа / Ҳаводис

Баъд аз 26 соли зиндагӣ дар хобгоҳ омӯзгор соҳиби хона шуд

Бо пешниҳод ва дастгирии Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон Табассум Тағоева, профессори кафедраи назария ва типологияи забони англисии Донишгоҳи Давлатии Бохтар, ки 26 сол дар хобгоҳи донишҷӯён зиндагӣ мекард, соҳибӣ хона шудааст, иттилоъ додааст дарфтаи матбуоти мақомоти вилояти Хатлон.

Ба иттилии манбаъ, ба ин омӯзгори барҷаста дар кӯчаи ”Дӯстии халқҳо”-и шаҳри Бохтар хонаи 3-ҳуҷрагӣ дода шудааст.

Таъкид карда шудааст, ки замони ҳам таҳсил ва ҳам зиндагӣ дар хобгоҳи донишгоҳ Табассум зиндагии сахтеро паси сар мекард.

Табассум Тағоева, профессори факултаи забони англисии донишгоҳ, ки ягона профессорзан дар донишгоҳ мебошад, акнун ба орзуи чандинсолааш расид.

Ёдрас мешавем, ки дар ин авохир Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ якбора ба 20-оилаи камбизоат хона туҳфа кардааст.

Ин соҳибкори тоҷик қабл аз сафараш ба ҳаҷ ба 20 оила дар тарабхонаи машҳури “CZN Burak” зиёфат дода, дар ҳамин маросим калидҳои хонаҳои навро ба дасташон супурдааст.

Ҳамзамон Раҳими Ғармӣ ду ҳунарманди машҳури тоҷик-Бахтиёр Раҳимов ва Гулбаҳор Ғаффроваро, ки қариб 30 сол боз ранҷи бехонагӣ мекашиданд, соҳиби манзил гардонида буд.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.