расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Зани шавҳардидаро дӯст медорам

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа / Ҳаводис

Зани шавҳардидаро дӯст медорам

Салом ба аҳли қалам ва хонандагони ҳафтавори «Оила». Ростӣ, дар хонаи мо ҳама ҳафтавори шуморо мехонанд, аз ҷумла ман ҳам, аммо ҳеҷ гоҳ гумон надоштам, ки рӯзе мерасаду аз шумо кӯмак мепурсам. Ман намехостам ин мушкили зиндагии ман расонаӣ шавад, аммо дигар илоҷе надорам, маҷбурам, маро фаҳмед…                                    Бачаи кенҷа Волидони ман тоҷиранд, касби асосияшон омӯзгорист, вале диданд, ки бо ин маош зиндагӣ пеш намеравад, даст ба тиҷорат заданду муваффақ шуданд. Дар хона мо чор писар тарбия меёбем ва ман писари кенҷагии хонаамон ҳастам. Падару модарам кӯшиш карданд то моро маълумоти олӣ дода, мутахассиси хубу ояндадор намоянд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Танҳо бародари калонияму ҳамсараш ба тиҷорати волидайнам ҳамроҳ шуданд, боқимонда ҳама дар идораҳои давлатӣ кор мекунем. Бародари дуюмам, дар гумрук, саввумӣ ҳуқуқшинос ва ман дар бонк ифои вазифа мекунем. Волидонам аз хурдӣ ба мо тарзи зиндагиро омӯхтанд, зеро дар ҳавлии бошукӯҳу калони мо духтар набуд ва мо ҳар кадоме бояд ба модарам дар корҳои хона ёрӣ мерасонидем. Мо тамизи хона, кор дар боғ, ҳавлӣ, либосшӯйӣ ва хӯрокпазиро медонем. Албатта тайёр намудани хӯрок ба зиммаи модарам буд, вале меҳмонони ба хонаамон омада аз тозагии ҳавлиямон дар ҳайрат мемонданд, зеро хонаҳои бедухтар дар бисёр ҳолатҳо ин қадар тозаву озода нестанд. Ман даҳ сол пас аз бародари сеюмам ба дунё омадаам ва маро зиёд дӯст медоштанду эрка мекарданд, аммо ин ҳама ҳад дошт ва ман ҳам қатори бародаронам заҳмат мекашидам. Мактабро бо медалӣ тилло тамом карда, бо дониши худам ба яке аз донишгоҳҳои машҳури Маскав дохил шудам. Онро хатм карда, ба Душанбе омадаму худам бар яке аз бонкҳои бонуфуз тариқи озмун ба кор шомил шудам, акнун сар шуд моҷарои келинкобии модарам…                                Генерали хона Модарамро падарам генерал мегӯянд, аксарияти хешу табор низ, ӯ зани зебо, доно, сухандон, боҳунар асту ҳукмрониро ба сари дигарон дӯст медорад. Модарам бар замми ин меҳрубон ҳам ҳасту зиёдаравӣ намекунад, ду амаку ду амма, шаш холаву тағои ягонаам, ҳамеша бо маслиҳати ӯ кор мекунанду аз ӯ ба қавле «совет» мепурсанд. Падару бародаронам бошанд, аз хати кашидааш берун по намемонанд, барои се бародарам худаш келин ёфт, келини калониямон духтари амакам, дуввуми духтари холаам, саввумӣ духтари аммаам, янгаҳоям ҳама соҳиби маълумоти олӣ, отифа соҳибҳунару бомаънӣ ҳастанд. Бо ҳамдигар мисли апаву хоҳар, ман онҳоро мисли апаҳоямдӯст медорам, охир ҳам апа ҳастанду ҳам янга… Медонистам, ки модарам духтари калонии тағоям Шаҳнозро барои ман зери чашм кардааст, Шаҳноз духтари зебое буд, бо тавсияи модарам ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуда, дар хонаи мо зиндагӣ мекард. Ростӣ, ман ӯро чун духтари тағо эҳтиром мекардаму шояд хонадор ҳам мешудам, аммо беҳуда нагуфтаанд, ки «Ҳар чӣ Худо хост, ҳамон мешавад». Модари ман, зане, ки панҷ вақт намозашро тарк намекунаду се бор хонаи Худоро зиёрат кардааст, баъзан мехост тақдири Худоро низ тағйир диҳад, аммо…                              Ишқе, ки маро дигар кард… Ман дар бонк аллакай ба вазифаи баландтар гузаштам ва ба ҷойи ман духтараки қоматбаланди зебое ба кор омад. Сардор маро наздаш даъват карда гуфт: -Мунис, ҳамин Беназир духтари як рафиқи наздики ман аст. Медонӣ, бо ҳамин зебогиву наҳифӣ чӣ фоҷиаро аз сар гузаронидааст?! Фақат гап байни ҳардуи мо, медонӣ, ки ман ба ту чун ба худам бовар дорам…. подробнее тдж: https://oila.tj/news/zani-


 Сарчашма:​оила тҷ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.