расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Эмомалӣ Раҳмон аз 10 сафири тозатаъин эътимоднома қабул кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон аз 10 сафири тозатаъин эътимоднома қабул кард


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз 10 нафар сафирони нави кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Гуфта мешавад, сафирони Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзи Шумин, Ҷумҳурии Қазоқистон - Туреханов Валихан, Қирғизистон - Абдилдаев Эрлан, Маҷористон - Рона Отта Иван, Испания - Хорхе Урбиола Лопес де Монтенегро, Индонезия - Моҳаммад Фаҷрол Раҳман, Таиланд - Чатчаван Сакорсин, Марокаш - Муҳаммад Рашид Маанин, Бразилия - Олинсо Виейра ва Доминикан - Франк Ҳанс Данненберг Кастелянос эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш ба призиденти Тоҷикистон тақдим карданд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бо итминон иброз дошт, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
“Тоҷикистон тайи давраи соҳибистоқлолии хеш сиёсати усулии барпо намудан ва пешбурди робитаҳои ҳасанаи гуногунҷанбаи судмандро бо кишварҳои хориҷии минтақаҳои гуногуни олам амалӣ менамояд”, - таъкид дошт президент.
Сарвари давлат зимни суханронӣ оид ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва масъалаҳои муҳимми ҳалли мушкилоти глобалии обу иқлим андешаронӣ карда, изҳор дошт, ки кишварҳои мо оид ба аксари масъалаҳои доғи рӯз ва марбут ба мушкилоти умдаи глобалӣ мавқеи монанд ё ба ҳам наздик дошта, барои дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо дар қолаби ҳамкории бисёрҷониба кушишҳои муштарак анҷом медиҳанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.