расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон мулоқот кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон мулоқот кард


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон мулоқот кардааст. Дар ин бора Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад. 
Муҳаммад Боқирӣ ду рӯз аст, ки дар Тоҷикистон қарор дорад ва диду боздидҳое бо мақомҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Шералӣ Мирзо, вазири дифоъ ва Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон доштааст. 
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, дар мулоқот "доираи васеи масъалаҳои равобити Тоҷикистону Эрон, бахусус дар соҳаҳои амниятӣ ва низомии техникӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд".
"Ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд",- омадааст дар хабарномаи сати раисҷумҳур.
Имрӯз бино ба иттилои расонаҳои эронӣ дар Тоҷикистон бо ҳузури Муҳаммад Боқирӣ ва Шералӣ Мирзо корхонаи истеҳсоли паҳпод ё тайёраҳои бесарнишини эронии Абобил II ифтитоҳ шуд. Ин корхона бо пуштибонии Ҷумҳурии исломии Эрон ба кор оғоз кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.