расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » "Меваҳо калону бомазаанд”. Кишоварзони тоҷик аз ҳосили гелосу зардолу қаноатманданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

"Меваҳо калону бомазаанд”. Кишоварзони тоҷик аз ҳосили гелосу зардолу қаноатманданд


Дар То
ҷикистон мавсими ҷамъоварии ҳосили гелос ва зардолуи тезпазак оғоз шудДар бозорҳо имрӯз як кило гелос 15-25 сомонӣзардолу 10-20 сомонӣ арзиш дорадДар боғҳои вилояти Хатлон ва водии Ҳисор меваи бармаҳал пухта расид.
Дар саросари Тоҷикистон, бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, майдони боғҳои меваи донакдор беш аз 80 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Дар ин боғҳо зардолу, олу, олуча, гелос шафтолу парвариш карда мешавад.
Илова бар ин, ин меваҳо дар заминҳои шахсӣ низ парвариш карда мешаванд ва барои бисёриҳо яке аз манбаъҳои пур кардани буҷети оила мебошанд.
Дар хочагиҳои шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор ва Шаҳринаву Турсунзода ба ҷамъоварии ҳосили навъҳои барвақтпази гелоси «Валовая» ва «Негро» шурӯъ намуданд.
“Имсол ҳосил хуб аст, меваҳо калону болаззатанд. Боришоти моҳи май ба мо чандон зарар нарасонид”, - мегӯяд боғпарвар Бахтиёр Ҳафизов аз Шаҳринав.
Ба туфайли дуруст риоя карда шудани қоидаҳои агротехникӣ ва саривақт бо маводи зарурӣ коркард шудани дарахтон, ба даст овардани ҳосили фаровони мева муяссар шуд.
Дар водии Ҳисор боғҳои зардолу нестанд, зардолуи барвақтпаз дар вилояти Хатлон парвариш карда мешавад. Дар ноҳияҳои Кӯшониён, Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун навъҳои зардолуҳои амрикоӣ ва канадагӣ аллакай пухта расидаанд.
Аз ҳар як дарахт боғпарвар 40-50 кило мева мегирад. Меваҳо калон буда, ҳар кадоме 70-80 грамм вазн дорад.
Соли гузашта гелос аввалин бор дар бозору супермаркетҳои Душанбе охири моҳи апрел ба фурӯш бароварда шуд. Он замон нархи яклухти он ҳудуди 2 доларро ташкил дода, дар савдои чакана 1 килояш 3-4 доллар фурӯхта мешуд.
Имсол нархҳо нисбатан пасттар мебошанд.
Мавсими дастаҷамъонаи ҷамъоварӣ ва содироти ҳосили гелос аз Тоҷикистон маъмулан аз 10 май оғоз шуда, тақрибан то нимаи моҳи июн идома мекунад.
Тоҷикистон имсол ният дорад, ки  содироти меваи тару тозаро ба Русия, Қазоқистон, Чин ва кишварҳои аврупоӣ зиёд кунад. Соли 2021 Тоҷикистон ба маблағи 30 млн доллар беш аз 43 ҳазор тонна мева содир кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.