расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ёрии 25 ҳазор евроии як созмони ҷамъиятӣ ба Беморхонаи марказии Деваштич

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Ёрии 25 ҳазор евроии як созмони ҷамъиятӣ ба Беморхонаи марказии Деваштич

Дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд чор ҳуҷари навтаъмиршудаи Беморхонаи марказӣ ба баҳрабардорӣ супурда шуд. Ин ҳуҷраҳо аз сӯйи созмони ҷамъиятии «Садоқат» дар ҳамкорӣ бо «TDH Germany” таъмир шудаанд.
Маросими ба баҳрабарорӣ супурдани ин ҳуҷраҳо бо ҳузури намояндагони ҳукумати маҳаллӣ ва «Terre des Hommes Germany” рӯзи 30-юми апрел сурат гирифтааст.
Муҳиддин Тоҷиев, яке аз масъулони “Садоқат” ба “Азия-плюс” гуфт, ки ин ҳуҷраҳо дар доираи лоиҳаи «Дастрасии мардуми деҳот ба хизматрасонии баландсифати тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», таъмир шудаанд  ва саҳми кормандони худи беморхона бар иловаи 25 ҳазор еврои ин созмон, 10 ҳазор сомонӣ аст.
Нигора Негматулоева, раиси созмони «Садоқат»  мегӯяд, ки ин лоиҳа аз ду бахш: зерсохтӣ ва омӯзишӣ дорад. “Қисмати рушди зерсохтӣ таъмири чор ҳуҷраи навро дар бар гирифта, қисмати омӯзишӣ бошад аз 12 семинари дурӯза оид ба бемориҳои ташвишовари кӯдакона барои 45 корманди соҳаи тиб аз ноҳияҳои Деваштич ва Истаравшан ва чаҳор маъракаи огоҳидиҳӣ дар мавриди ғизои солими кӯдак дар миёни 200 нафар занҳои қобили таваллуди ноҳия Деваштич иборат аст”.
Крис Ҳарман намояндаи «TDH Germany” ҳам мегӯяд, ки хушҳол ҳастанд, ки дар дастрастар кардани муассисаҳои тиббӣ ба кӯдакони ноҳияи Деваштич ва такмил додани донишу малакаи кормандони соҳаи тиб ва аҳли ҷомеа саҳм мегузоранд.
Дар маҷмуъ барои ҳар ду бахш то поёни лоиҳа 25 000 евро (330 ҳазор сомонӣ) масраф мешавад.
Ҳазратқул Миров, сардухтури Беморхонаи марказии Деваштич мегӯяд, ки  ин севумин лоиҳае аст, ки “Садоқат” аз соли 2019 барои ҳимояти беморхонаи онҳо иҷроӣ мекунад. Ин масъули беморхона ба созмонҳои ёрирасон “барои талошҳои доимиашон барои беҳбуди шароити беморхона» изҳори сипос кард. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.