расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » "Ворух, девори Ватан" - китобе, ки дар Ҳоланд нашр шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

"Ворух, девори Ватан" - китобе, ки дар Ҳоланд нашр шуд


Дар Ҳоланд аз сӯйи интишороти "Ақли Сурх" китобе дар бораи Ворухи Тоҷикистон, ки дар баҳсои марзӣ бо Қирғизистон яке аз мавзеъҳои доғ аст, ба нашр расидааст. 
Ворух як ҷамоати шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон аст, ки Қирғизистони ҳамсоя онро анклав ё бурунбум мешуморад. Аммо Тоҷикистон мегӯяд, ки он бахши комиле аз ҳудуди кишвар аст. 
Бино ба иттилои "Озодӣ", китоби нав "Ворух, девори Ватан" ном дорад ва аз мақолаву шеърҳо иборат аст. Ношири китоб дар пешсухан гуфтааст, "навиштаҳо ва ашъори тоҷиконеро гирдоварӣ кардаем, ки нисбат ба рӯйдодҳои чанд соли ахир дар Ворух ва даргириҳои марзии он бетараф намондаанд ва фикру ақидаи худро чи аз лиҳози илмӣ, чи аз лиҳози торихӣ ва чи дар гузоришу мушоҳидаҳо ва чакидаҳои шеърии худ дарҷ кардаанд."
Дар идома омадааст, "аз бознашри чанд сафарнигора ва мақолаҳои торихии муҳимми русӣ ва англисӣ низ худдорӣ накардем, то доманаи воқеияти торихӣ барои хонанда равшан гардад".
Китобро рӯзи 20-уми март дар Амстердам рӯнамоӣ мекунанд. Чанд нусхаи чопии китоб барои китобхонаҳои расмии Ҳолланд, Тоҷикистон ва Бритониё фиристода шуда, нусхаи электронии онро дар Интернет мегузоранд.
Интишороти "Ақли Сурх" беш аз 5 сол боз дар Ҳолланд фаъол аст. Ҳадафаш нашри осори тоҷикӣ дар хориҷ аз кишвар ва муарифии он ба алоқамандон аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.