расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Раҳбари Эрон: Украина қурбонии сиёсатҳои Амрико аст

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Раҳбари Эрон: Украина қурбонии сиёсатҳои Амрико аст


Раҳбари Эрон гуфт, ки Амрико як режими мафияӣ аст, Украина ҳам қурбонии сиёсатҳои Амрико аст
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон дар як суханонии телевизионӣ афзуд, ки режими Амрико намунаи комили ҷоҳилияти модерн аст.
Вай гуфт Амрико, режиме буҳронзо ва буҳронзист аст ва аз тариқи эҷоди буҳрон дар дунё иртизоқ мекунад.
Хоманаӣ афзуд, ки Амрико бо вуруд ба масоили Украина ва роҳандохтани иҷтимооту эҷоди кудатои рангӣ суботи ин кишварро баҳам зад.
Вай таъкид кард, ки Эрон хостори таваққуфи ҷанг дар Украина аст.
Оятуллоҳ Хоманаӣ илоҷва кард, ки ҳамаи чизҳо дар дунёи имрӯз барои фарбеҳ шудани ширкатҳо ва кортолҳост, ҳамчунин аз илм барои куштори одамҳо истифода мешавад.
“Якҷо бо истифода аз ин илм, воксан месозанд, ки ҷони инсонҳоро наҷот медиҳад ва як ҷои дигар барои сохти силоҳ аз он истифода мекунанд, ки даҳҳо баробари он касоне, ки наҷот ёфтаандро аз байн мебарад”, - гуфт Хоманаӣ.
Маврид ба зикр аст, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия 24 феварал аз тасмимаш барои оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дода афзуд, ки "вазъият иқдоми фаврӣ ва қотеъро талаб мекунад". Ӯ афзуд, Донетску Луганск барои кумак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Ба гуфтаи Путин, Маскав нияти ғасби қаламрави Украинаро надорад, танҳо мехоҳад ҳудуди ин кишварро ғайринизомӣ созад.
Русия 21 феврал мустақилияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, созишномаи дӯстӣ бо онҳоро ба тасвиб расонд. Бар асоси асноди тасвибшуда, барои амнияту субот дар Луганску Донетск аз нерӯҳои мусаллаҳи Русия истифода хоҳад шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.