расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Нуру Дустум "Шӯрои олии муқовимати миллии Афғонистон" таъсис доданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Нуру Дустум "Шӯрои олии муқовимати миллии Афғонистон" таъсис доданд


"Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳури исломиb Афғонистон" бо ҳузури чеҳраҳои сиёсӣ чун Абдураб Расули Сайёф, Муҳаммадюнус Қонунӣ, Ато Муҳаммади Нур, Абдурашиди Дӯстум, Муҳаммад Муҳаққиқ ва чанде шахсиятҳои сиёсии дигар эъломи мавҷудият кард.
Дар эъломияи шӯро омадаст, ки “давлат дар асари бекифоятӣ, инҳисоргарӣ ва фасоди густарда ва дар натиҷаи як муомилаи номардона ва хоинона дучори беназмӣ ва низомӣ гардида, шерозаи давлат аз ҳам пошид".
Аъзои шӯро мехоҳанд мушкилоти Афғонистон аз тариқи сиёсӣ ҳаллу фасл гардад. Аммо таъкид мекунанд, “дар сурате, ки ҷониби муқобил ва ҳомиёнашон ба чунин роҳи ҳал тан надиҳанд, мо ночор ба бахши дуввуми мубориза (фаъолиятҳои низомӣ) мутавассил хоҳем шуд”.

Ин шӯро аз мавқеи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои  ба расмият нашинохтани Толибон истиқбол карда, аз Созмони милал ва кишварҳои ҷаҳон хостаанд, ки “ҳукумати якҷониба, истибдодӣ ва зидди ваҳдати миллии гуруҳи Толибонро ба расмият нашиносанд".

Таъкид мешавад, ки дар ҳукумати “Толибон” қавмҳо, занон, мазҳабҳо ва забонҳои расмӣ нодида гирифта шудааст ва баъзе аз аъзои кобинаи он шомили таҳримҳои СММ мебошанд.
Шӯрои олии муқовимат аз Толибон низ хостааст, то “куштори систематикӣ ва дастгирии  фаъолони низомӣ ва амнияти ҳукумати қаблиро” қатъ кунанд.
"Ҳамчунон аз озор ва азияти мардум,  кӯчҳои иҷборӣ,  ғасби амлок ва амволи мардум ва хушунат алайҳи шаҳрвандони кишвар даст бардошта музокироти мустақим ва созандаро бо "Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳурии исломии Афғонистон" оғоз намоянд",- зикр мегардад дар эъломия.Дар охир "Шӯро" аз мардуми Афғонистон даъват кардааст, ки худро барои муқовимат омода созанд:
"Аз мардуми кишвар тақозо менамоем, ки худро барои як муқовимати душвор ва дарозмуддат дар баробари истибдоди дохилӣ ва таҷовузу ишғолгароии хориҷӣ омода кунанд".

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.