расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Чаро зану шавҳар худро аз ошёнаи 5-ум партофтанд?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Чаро зану шавҳар худро аз ошёнаи 5-ум партофтанд?

Ҷисми бе ҷон ва ба хоку хун оғӯштаи як зан ва як марди ҷавонро имрӯз соати 8. 40-и субҳ аз ҳавлии бинои 16-ошёна ёфтанд. Маълум шуд, ки онҳо зану шавҳар буда, дар ошёнаи 5-уми ҳамин бино зиндагӣ мекардаанд ва худро аз тирезаи балкон ба замин ҳаво дода, ҳалок шудаанд. Лаҳзаи худро аз тираза партофтани зану шавҳар дар камераҳои назоратӣ сабт шудааст.
Ҳодиса дар шаҳри Новосибирск, аниқтараш дар як бинои 16-ошёна дар кӯчаи Челюскинцев 48\1 рӯй дода, ба иттилоъи Сиб.фм зани даст ба худкушӣ зада ҳамагӣ 31-сол доштааст. Марди худкушӣ карда 43-сола буда, шавҳари дуюми зан будааст. Ин ҷуфт як писарчаи тахминан 9-10-сола низ доштаанд.
Аз рӯйи гуфти ҳамсояҳо муносибати зану шавҳар хеле хуб буда, дар ошёнаи 5-уми ҳамин бино зиндагӣ мекарданд ва ягон вақт садои ҷангу ҷанҷол ва баҳсу мунозираашон ба гӯш намерасид. Бародари ҷавонзани ҳалок шуда дар сӯҳбат ба журналистон қисса кардааст, ки ҳанӯз соати 7-и субҳ хоҳараш зинда буд ва онҳо телефонӣ сӯҳбат карда буданд.
Ҳаққу ҳамсояҳо ва хешу табори ҳалокшудагон ба худкушӣ кардани онҳо шубҳа доранд, вале аз наворҳои камераҳои назоратӣ дида мешавад, ки зану шавҳар дар болкон дар бораи чизе сахт баҳс мекунанд ва зан бо ғазаб худро аз тиреза ба поён ҳаво медиҳад. Ҳамагӣ 30 сония пас мард низ аз паси ҳамсараш худро аз тиреза мепартояд.
Хушбахтона, вақти худкушӣ кардани зану шавҳар фарзандашон дар хона набудааст. Ба иттилоъи АиФ-Сибир писарчаро аз шавҳари якуми зан буда, ҳамон бегоҳ падари аслиаш кӯдакро бо худ ба хонааш бурда аст.
Тафтишот аз рӯйи ин ҳодиса идома дошта, сабабҳои даст ба худкушӣ задани зану шавҳар муайян карда мешаванд.
подробнее тдж: https://oila.tj/news/charo-zanu-shavar-khudro-az-oshenai-5-um-partoftand

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.