расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Хуҷанд: Муаллим духтарашро кушта занашро захмӣ кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Хуҷанд: Муаллим духтарашро кушта занашро захмӣ кард


Дар Хуҷанд ҳодисаи хунине сар зад, ки аз шунидани тафсилоташ ба тани кас мурғак медамад. Як устоди донишгоҳ дар ин шаҳр аввал духтари 11-солаашро бераҳмона ба қатл расонида, баъдан ҳамсар ва духтарчаи 8-солаашро бо корд захмӣ намудааст. Падари қотилро дар ҳоле дастгир карданд, ки нияти худкушӣ дошт ва аллакай худро бо корд захмӣ намуда буд.

Тавре ки рressa.tj дар такя ба манобеи худ дар шаҳри Хуҷанд хабар додааст, ҳодиса шаби 1 ба 2-юми октябр рӯй дода, дар рафти моҷарои оилавӣ Мансур Мирзоахмедови 39-сола, устоди Донишкадаи кӯҳиву металлургии шаҳри Бӯстон бо корд ба ҳамсар ва фарзандонаш ҳамла кардааст. Омӯзгор дар сари қаҳру ғазаб аввал духтари 11-солаашро ба ҳалокат расонида, сипас ҳамсар ва духтарчаи 8-солаашро низ корд зада, баъдан бо мақсади худкушӣ худро низ бо корд захмӣ намудааст.
Тавре ки манбаъ менависад:
“Гумонбар Мирзоахмедов Мансур Мавлонович, соли таваллудаш 1982, устоди Донишкадаи кӯҳиву металлургии шаҳри Бӯстон, истиқоматкунандаи маҳаллаи “Хуррамшаҳр”-и Хуҷанд дар натиҷаи як муноқишаи оилавӣ ба ҳамсараш Умеда Мирдадоева (соли таваллудаш 1989) ба аҳли хонаводааш дарафтода, дар сари қаҳру ғазаб бо корд ба духтаронаш Мавзунахон (соли таваллудаш 2013) ва Хумрихони (соли таваллудаш 2012) ҳамла мекунад ва ба қафаси сина ва дигар узвҳои ҳаётан муҳими духтарчаҳои ноболиғи масти хобаш пай дар пай корд мезанад. Дар натиҷа духтари 11-солааш аз захмҳои корд ва хунравӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, зан ва духтарчаи 8-солааш ҷароҳатҳои зиёде бардоштаанд. Пас аз содир намудани ин амали ваҳшиёна устоди донишгоҳ бо мақсади худкушӣ худашро низ бо корд захмӣ мекунад...”
Сабаби даст ба чунин ҷинояти вазнин задани муаллими донишгоҳ маълум нест.
Айни замон ҷароҳатбардоштагон дар зери назорати табибон қарор доранд.
Аз рӯйи ин қазия аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Хуҷанд парвандаи ҷиноӣ оғз ёфта, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.