расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » СОКИНИ 74-СОЛАИ МАҲАЛЛАИ “ЯКУМИ МАЙ”-И КӮЛОБ БА СЕҲРУ ҶОДУ ВА ФОЛБИНӢ АЙБДОР МЕШАВАД (2 АКС)

Асосӣ / Ҷомеа

СОКИНИ 74-СОЛАИ МАҲАЛЛАИ “ЯКУМИ МАЙ”-И КӮЛОБ БА СЕҲРУ ҶОДУ ВА ФОЛБИНӢ АЙБДОР МЕШАВАД (2 АКС)

СОКИНИ 74-СОЛАИ МАҲАЛЛАИ “ЯКУМИ МАЙ”-И КӮЛОБ БА СЕҲРУ ҶОДУ ВА ФОЛБИНӢ АЙБДОР МЕШАВАД (2 АКС)
Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 7 феврали соли 2024 бо нашри ду акс аз боздошти як сокини 74-солаи маҳаллаи “Якуми май”-и шаҳри Кӯлоб бо иттизоми фолибинӣ ва ҷодубарорӣ хабар дод. Дар аксҳои нашркардаи милитсияи Хатлон, дар паҳлуи марди дастгиршуда кордҳо, чандин корду қуфлу тасбеҳу оина, пораҳои оҳани арматура ва ҳатто қанди сафед, ҳамчунин  бакляжка (зарф)-ҳои об ва тӯмору таштоби зиёде дида мешаванд, ки ин нафар гӯё барои фолкушоӣ ё баровардани ҷоду истифода мебурдааст.
Худи марди дастгиршудаа ваё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале милитсияи Хатлон дар иттилоияаш гуфт, “дар доираи баргузории як чорабиниии оперативӣ шаҳрванд Файзуллоев Раҳматулло, санаи таваллудаш 14.02.1950,  сокини маҳаллаи “1-уми май”-и шаҳри Кӯлоб дар хонаи истиқоматиаш  ҳангоми машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд. Тавре зимни чорабиниҳои санҷишӣ муайян гардид, дастгиршуда Раҳматулло Файзуллоев худро ҳамчун фолбину ҷодубарор муаррифӣ намуда, давоми 5 соли охир ба ин кор машғул будааст. Маълум карда шуд, ки дар асл номбурда танҳо ба хотири манфиатҳои шахсӣ барои ба даст овардани маблағҳои пулӣ даст ба ин кирдори мардумфиребона мезадааст”. 
Дар иттилоия ҳамчунин гуфта мешавад, ки “вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба дастгиршуда Раҳматулло Файзуллоев барои амалҳои мардумфиребонааш парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда ва барои баррасӣ ба додгоҳи шаҳри Кӯлоб ирсол гардидааст”. Моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро пешбинӣ кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.